Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
Дар ҷумлаҳои мураккаби чида-дараҷа қариб ҳамаи ҷумлаҳои пайрав бар изоҳи ҷумлаҳои пайрави чидаи сабаб меоянд, аммо ҷумлаҳои пайрави чидаи сабаб бар изоҳи ҳамаи ҷумлаҳои пайрав намеоянд, ки дар ин бора дар боло ишора рафта буд.
Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеи дараҷа-чида ҷумлаи пайрави сабаб метавонад бар изоҳи дигар ҷумлаҳои пайрав чида шуда ояд ва ё ҷумлаҳои пайрави чидаи дигарро ба худ тобеъ намояд. Дар ҳар ду ҳолат ҳам ҷумлаи пайрави пуркунанда серистеъмолтарин ҷумлаи пайрав ба шумор меравад.
а) Ҷумлаи мураккаби тобеи дараҷа-чида, ки дар он ҷумлаи пайрави сабаб чида шуда омадааст: Ниҳоят, маҷбур шудам, ки сӯҳбатро ба поён расонаму «муаммо»-ро ҳал кунам, зеро ки вақти кор ва дарс наздик буд, дар мактаб низ як шаст нафар ака ва ҷӯраҳои калонтари ӯ ба ман мунтазир буданд (Ҷ. И., Ҳикоя ва очеркҳо, сах. 167). Хусусан маслиҳатгӯёни англис ва русони мансабдори аз собиқ мондагӣ ҳар замон амир ва қушбегиро огоҳ мекарданд, ки ба ҷанг тайёр шаванд, бисёртар аслиҳа харида гиранд, ки дар Когон тайёрии большевикҳо зӯр шуда истодааст ва дар байни мардуми «авом» ва «саҳрой» ҳаракат ва ҷунбиш зӯр шуда истодааст (Ҷ. И., Дух. от., сах. 571).
б) Ҷумлаи мураккаби тобеи дараҷа-чида, ки ҷумлаи пайрави сабабро ҷумлаҳои пайрави чида изоҳ медиҳанд: Тиллохон-ойим бошад, чун фаҳмида буд, ки тарафи домод аз рӯи обрӯипохдорӣ ҳеҷ як талаби ӯро рад намекунад ва Муродхон ҳам ба духтараш ошиқу харидори ҷазманд аст, рӯз ба рӯз «баҳои» арӯсро зиёдтар мекард (С. У., Субҳ, ҷав. мо, сах. 205).
в) Ҷумлаҳои мураккаби тобеи дараҷачида, ки яке аз ҷумлаҳои пайрави чидаи он боз ҷумлаи пайрав қабул кардааст: — Мо инро медонем, — гуфт Ҳаит амин, — ҳар кадоми шумоён якта-якта яроқ доред, зеро ҳар кадоми шумоён сарбозҳои кӯҳна ҳастед, ҳар кадоми шумоён касонед, ки даҳбошӣ, ҷурагосӣ шуда, нону намаки ҷаноби олиро хӯрда гаштаед (С. А., Кул., ҷ. III, сах. 345).
Дар ин мисол «мо инро медонем» сарҷумла буда, «ҳар кадоми шумоён якта-дута яроқ доред» пайрави пуркунандаи тобеи сарҷумла, «ҳар кадоми шумоён сарбозҳои кӯҳна ҳастед, ҳар кадоми шумоён касонед» ҷумлаҳои пайрави чидаи сабаб, ки бар изоҳи ҷумлаи пайрави пуркунанда омадаанд ва ҷумлаи пайрави чидаи сабаби дуюм боз ба худ ҷумлаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё