Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
Ҷумлаи пайраве, ки яке аз ҷумлаҳои пайрави чидаро эзоҳ медиҳад, ба ҷумлаи пайрави якум, дуюм, сеюм ва монанди инҳо тобеъ шуда омаданаш мумкин аст.
- Ҷумлаи пайрав бар эзоҳи ҷумлаи пайрави чидаи якум:
Он шаб онҳо хоб намекарданд, зеро ки саҳари барвақт арусро ба болои аспи сафед, аз паси кампире, ки бо шавҳари аввалаш кӯшапир шуда бошад, шинонда бо тантанаю дабдаба ба сӯи ҳавлии домод мебаранд ва барои пешвоз гирифтани он тайёрӣ дидан лозим буд (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 157).
- Ҷумлаи пайрав бар эзоҳи ҷумлаи пайрави чидаи дуюм:
Аммо аз ҳама муқаддам чоҳ аст, зеро ин қадар одам бе оби нӯшокӣ кор карда наметавонад ва то мо обро дар болои роҳ таъмин накунем, сохтани роҳро сар карда наметавонем (Ҳ. Н., Ду ёр аз ду диёр, саҳ. 149).
- Ҷумлаи пайрав бар эзоҳи ҷумлаи пайрави чидаи сеюм:
— Душман! Халос намешавӣ, ё ҳалок мешавӣ ё таслим! Чунки мо халқ ҳастем, мо қувва ҳастем, ба мо партияи Ленин роҳбарӣ мекунад, ки тахти шоҳро сарнагун кард (Р. Ҷ. Од. ҷов., қ. I, саҳ. 56).
- Ҷумлаи пайрав бар эзоҳи ҷумлаҳои пайрави чидаи чорӯм:
Аз муроҷиат ба ягон идора ва мададрасонӣ дар бораи дохил шудан ба интернат шарм медоштам, зеро сарутанам дарридагӣ ва чиркин, поям бараҳна ва мӯи сарам расидагӣ буд ва инчунин метарсидам, ки мабодо маро гадобачаи кӯчагард ва дузд гумон карда зада берун кунанд (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 243).
б) ҷумлаи пайрав метавонад ҳамаи ҷумлаҳои пайрави чидан сабабро эзоҳ диҳад ва ба ҳамаи онҳо як хел мансуб бошад:
— Ба фикри ман, ба ин кор амир, амалдорони вай за муллоҳо розӣ намешаванд, зеро ҳар кас ба ихтиёри худ шавад, ба амират кӣ пул медиҳад, вай ин қадар айшу ишратро аз болои кӣ мекунад? (С. Л., Кул., ҷ. II, саҳ. 216).
Ҷумлаи мураккаби тобеи дараҷа-чида.
Таносуби истеъмолии ҷумлаҳои мураккаби тобеи дараҷачида аз ҷумлаҳои мураккаби чидадараҷа маҳдудтар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё