Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
сабаб бештар бар эзоҳи ҷумлаи пайрави пуркунанда меояд. Бар эзоҳи ҷумлаҳои пайрави муайянкунанда, тарзи амал, макон, замон ва шарт омадани ҷумлаи пайрави сабаб беҳоят кам буда, дар ин вазифа ҷумлаи пайрави сабаб моҳияти аслии худро суст мекунад ва чун ҷумлаи туфайли вобаста мегардад.
ҶУМЛАИ МУРАККАБИ ТОБЕИ ЧИДА-ДАРАҶА
ВА ДАРАҶА-ЧИДА
Мувофиқи сохти синтаксии забони адабии тоҷик ҷумлаҳои содда дар дохили ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ҳам ба таври чида ва ҳам ба таври дараҷа таркиб меёбанд. Чидадараҷа ва дараҷа-чида шуда омадани ҷумлаҳои пайрав дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби тобеъ хеле зиёд аст ва ҷумлаи пайрави сабаб дар таркиби чунин ҷумлаҳо яке аз пайравҳои серистеъмолтарин ба ҳисоб меравад.
Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеи чида-дараҷа ҷумлаҳои пайрави сабаб аввал чида шуда меоянд ва яке аз онҳо, ё ҳамаи чидаҳо боз ҷумлаи пайрав қабул намуда ба дараҷа табдил меёбанд. Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеи дараҷачида бошад, ҷумлаи пайрави якум ба сарҷумла тобеъ буда, ҷумлаҳои пайрави сабаби чида ба ҷумлаи пайрави пеш — азхуди тобеъ шуда меоянд.
- Ҷумлаҳои мураккаби тобеи чида-дараҷа. Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеи чида — дараҷа ҷумлаи пайрави бар эзоҳи ҷумлаҳои пайрави чидаи сабаб омада метавонад ба яке аз ҷумлаҳои чида ва ё ба ҳамаи онҳо тобеъ бошад.
а) Ҷумлаи пайрав яке аз ҷумлаҳои пайрави чидаи сабабро эзоҳ медиҳад:
Дар ин ҷо аз рӯд баромаданро Ҳайдарқул мувофиқ надонист, зеро ки Регистон ва арки Бухоро наздик буд ва аз роҳи калон, ки дар Сари Пули Равғангарон буд, ҳар замон миршабҳо ва даҳбошиҳо гузашта меистоданд (Ҷ. И., Дух.
от., саҳ. 178).
Дар ин мисол ҷумлаи якум сарҷумла буда, ҷумлаҳои Регистон ва арки Бухоро наздик буд, аз роҳи калон ҳар замон миршабҳо ва даҳбошиҳо гузашта меистоданд ҷумлаҳои пайрави чидаи сабаб мебошанд, ки сарҷумларо эзоҳ медиҳанд ва дар навбати худ ҷумлаи пайрави чидаи сабаби дуюъм ба худ ҷумлаи пайрави муайянкунанда — дар Сари Пули Равғангарон буд қабул намуда, ҷумлаи мураккаби тобеи чидаро ба ҷумлаи мураккаби тобеи чида-дараҷа табдил додааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё