Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

ва ҷумлаи пайрави сабаб — ҳар як коргар чандин бор рӯи ӯро дида буд бар эзоҳи ҷумлаи пайрави хилофи омадааст.

Дар аксарияти ҷумлаҳои мураккаби тобеи дараҷае, ки мо дидем, ҷумлаи пайрави сабаб дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби тобеи дараҷае омадааст, ки ду ҷумлаи пайрав доранд. Дар ҳақиқат ҷумлаҳои мураккаби тобеи дараҷаи ду ҷумлаи пайравдор аксарияти мутлақи ин тип ҷумлаҳои мураккаби тобеъро ташкил менамоянд. Дар баробари ин ҷумлаи пайрави сабаб дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби тобеи дараҷае меояд, ки ҷумлаҳои пайрави он аз се ва зиёда аз он иборат мебошанд.

Дар ин хел ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ҷумлаи пайрави сабаб дар ҷойҳои зерин меояд:

а) пас аз сарҷумла: Арбоб Камол аз ин рафтори Бибноиша андешаманд шуд, зеро ӯ ба хубӣ медонист, ки ҳарчанд ҳоким ва қози парвои кушта шудани Одина надоранд, лекин додхоҳии як нафар, хоҳ ҳақ ва хоҳ ноҳақ, баҳонаи хубе хоҳад шуд ба эшон барои порагирӣ ва пулситонӣ (С. А., Кул., ҷ. І, саҳ. 206).

б) пас аз ҷумлаи пайрави якум: Боварӣ доштам, ки вай чашми интизорӣ ба роҳи ман дӯхтааст, зеро ман хат карда фиристода будам, дар аввали тобистон меравам (С. У., Субҳ. ҷав. моҳ, саҳ. 313).

в) пас аз ҷумлаи пайрави дуюм: Сабаби хурсандии ман ин буд, ки акнун метавонам дар хона ба бародарам нишон диҳам, ки ман ҳам суханҳои русиро медонам, зеро бародарам ҳар рӯз ба ман суханҳои русии аз Вася ёдгирифтаашро гуфта калонгирӣ мекард (С. У., Субҳ. ҷав. моҳ, саҳ. 79).

Дар мисолҳои зерин ҷумлаҳои пайрави дараҷа аз се т ҳам зиёданд, аммо ин тип ҷумлаҳо кам кор фармуда мешаванд: Аммо ман маҷбур будам, ки дар пеши модарам худдорӣ кунам, чунки ман ин хабарро аз онҳо пӯшида нигоҳ доштам ва гуфтам, ки шумо кори худро дар ин ҷо буд карданӣ шуда мапу Салимбойро даъват кардед, ки сайр кард равем (Р. Ҷ., Од. ҷов., к. II, саҳ. 255). Вай ба порторги «Навобод» муроҷиат кард, то ӯро ба сухан орад, зеро гуфтаанд, «то мард сухан нагуфта бошад, айбу ҳунараш нуҳуфта бошад» (С. У., Навобод, саҳ. 118).

Ба ҷумлаи пайрави сабаб қариб ҳамаи ҷумлаҳои пайрави дигар тобеъ шуда меоянд, чунки ҷумлаи пайрави
сабаб мустақилияти нисбии худро бештар нигоҳ доштааст ва
ба вазифаи сарҷумлаи дигар ҷумлаҳои пайрав ба хубӣ истифода меёбад. Аммо бар эзоҳи дигар ҷумлаҳои пайрав
омадани ҷумлаи пайрави сабаб маҳдудтар аст. Ҷумлаи пайрави

пешина
аз 109
навбатӣ