Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

ками карданд, бинобар ин лозим омад, ки аз дуздон ва ҷинояткорони оддӣ ҳам якчанд нафар ҷаллод расонанд (С. А., Кул., ҷ. I, саҳ. 111).

Ҷумлаи мураккаби тобеи дараҷа, ки ҷумлаҳои пайрави
он пеш аз сарҷумла воқеъ гардидаанд

Дар се гурӯҳ ҷумлаҳои мураккаби тобеи дараҷа, ки мо дар боло аз назар гузаронидем, ҷумлаҳои пайрав пас аз сарҷумла омада, ба якдигар тобеъ шудаанд. Дар забони адабии тоҷик ҷумлаҳои пайрав ба тарзи дараҷа пеш аз сарҷумла низ омада метавонанд. Дар ин гурӯҳ ҷумлаҳои мураккаб аввал ҷумлаҳои пайрав ба якдигар тобеъ шуда меоянд у сарҷумла пас аз ҳамаи онҳо меояд. Дар ин тип ҷумлаҳо ҷумлаи пайрави якум, ки ҷумлаи мураккаб бо он оғоз меёбад, ҷумлаи пайрави асосӣ буда, вай ба сарҷумла тобеъ мебошад, дигар ҷумлаҳои пайрав яке ба дигаре тобеъ шуда меоянд.

Ҷумлаи пайрави сабаб метавонад дар ҷои якум омада сарҷумларо эзоҳ диҳад ва дигар ҷумлаҳои пайравро ба худ тобеъ намояд. Дар ҷои якум танҳо ҷумлаи пайраве меояд, ки вай пеш аз сарҷумла омада тавонад. Аммо ба ин хусусият на ҳамаи ҷумлаҳои пайрав моликанд.

Дар ҷои якум дар ин гуна ҷумлаҳои мураккаби тобеъ асосан ҷумлаҳои пайрави зерин меоянд:

а) ҷумлаи пайрави сабаб: Нуралӣ... чун шубҳа надошт,
ки «график» ба Ҳошим Корвон ҳам албатта маъқул аст,
дасташро ба котиби райком дароз карда, ваъда дод:
— Мешавад, Пётр Николаевич! (С. У., Навобод, саҳ. 326).

Дар ин мисол дасташро ба котиби райком дароз карда, ваъда дод, сарҷумла буда, Нуралӣ чун шубҳа надошт ҷумлаи пайрави сабаб мебошад, ки ба сарҷумла тобеъ аст.
Ҷумлаи «график» ба Ҳошим Корвон албатта маъқул аст пайрави пуркунанда буда бар эзоҳи ҷумлаи пайрави сабаб омадааст.

б) ҷумлаи пайрави хилофӣ: Ҳарчанд ки аз коргарони завод рӯй пинҳон кардани модарам душвор гардида буд ва дигар фоидае ҳам надошт, зеро ҳар як коргар чандин бор рӯи ӯро дида буд, бо вуҷуди ин модарам то метавонист рӯяшро пинҳон менамуд (С. У., Субҳ, ҷав. мо, саҳ. 104).

Дар ин мисол модарам то метавонист рӯяшро пинҳон
менамуд сарҷумла буда, ҷумлаи пайрави хилофӣ — аз коргарони завод рӯй пинҳон кардани модарам душвор гардида буд ва дигар фоидае ҳам надошт ба он тобеъ мебошад

пешина
аз 109
навбатӣ