Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

намедонист, гарчанде ки ин сохтмонро зарур ҳам ҳисоб намекард, зеро, ба фикри вай, ин сохтмон диққати колхозро аз кори асосӣ, ки пахта аст, дур намуда, ба фондагуии осон одат мекунонд (С. У., Навобод, саҳ. 78).

к) ҷумлаи пайрави натиҷа: Акнун он деҳқонон нест шуда буданд, дар ҷои онҳо деҳқонони мутаассиб пайдо шуда буданд, ки ҳар кори амиро мувофиқи шариат ва ислоҳталабон онро кофир мегуфтанд, чунки бо сар шудани Революцияи Февраль ҳукумати амир ва тарафдорони ӯ ба воситаи муллоҳо деҳқонони бесаводро аз номи дину шариат ба муқобили ҳар гуна ислоҳот ва ислоҳталабон тайёр карда буданд (С. А., Кул., ҷ. 1, саҳ. 74).

л) ҷумлаи пайрави шартӣ:
Мешавад пурра дониши одам,
Хондаашро агар кунад такрор,
Чунки такрор — модари дониш, —
Гуфтаанд одамони таҷрибадор.
(Ф. А., Гул. дӯсти, саҳ. 36).

м) ҷумлаи пайрави сабаб бар эзоҳи ҷумлаи пайрави сабаб.
Дар забони адабии тоҷик як ҷумлаи пайрави сабаб бар эзоҳи ҷумлаи пайрави сабаби дигар ҳам меояд ва он метавонад пас аз ҷумлаи пайрави сабаби эзоҳшаванда, пеш аз он ва дар байни аъзоёни он ояд:

  1. Ҷумлаи пайрави сабаб пас аз ҷумлаи пайрави сабаби эзоҳшаванда: Ба бобоям ин таклиф мақбул афтодааст, чунки бо вуҷуди ҳунарманд будан дар Соктаре аз касби дуредгарии худ дуруст фоида бурда наметавонист, зеро дар он ҷо ҳатто аз хешовандони худаш ҳам якчанд нафар дуредгарони ҳунарманд будаанд (С. Л., Кул., ҷ. VI, саҳ. 13).

  2. Ҷумлаи пайрави сабаб пеш аз ҷумлаи пайрави сабаби эзоҳшаванда: Подшоҳон низ ба ин кор бепарво аз миёни ангуштон нигоҳ мекунанд. Чораи дигар ҳам надоранд, зеро модоме ки ақидаҳои динӣ дар хаёли миллат барқарор ва собит аст, дафъи ин иснод аз қувваи подшоҳон берун аст (М. Ф., Ахундов. Мактубҳо, саҳ. 57).

  3. Ҷумлаи пайрави сабаб дар байни аъзоёни ҷумлаи пайрави сабаби эзоҳшаванда: Дар кӯшишхонаи регхона бештарин ҷаллодони ноӯҳдабарои заифқалбтарро кор мефармуданд, зеро дар воқеаи моҳи марти соли 1918, азбаски дар арки Бухоро аз ҳад зиёд одам куштан лозим омад, ҷаллодоне,
    ки пешаашон ҷаллодӣ буда, ба ин кор тахассус доштанд,

40

пешина
аз 109
навбатӣ