Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

тони ҳокимияти маҳаллӣ—меҳмондорони мо расида меомаданд (Ҷ. И., Ҳикоя ва очеркҳо, саҳ. 176).

б) ҷумлаи пайрави хабар: Ниятам ҳамин буд, ки ҳамин сол ҳосили саҳроро ғундошта гирему сони аз паи тўй шавем, чунки хабарат ҳаст, хостгорони аз ҳад бисёри Барот, рости гап, ба дилам заданд (Р. Ҷ., Од. ҷов., қ. II, саҳ. 139).
Ва куҷое, ки гурезад, бо кадом рафиқе, ки гардад, бароиш фарқ надошт, муддао ҳамин, ки аз хонаи падар дуртар бошад, зеро дар хона кор ҳаст, ташвиши зиндагӣ ҳаст (С. У., Субҳ, ҷав. мо, саҳ. 116).

в) ҷумлаи пайрави муайянкунанда: Мудири сиёҳпӯши ҷуфтанамон мо, ки то кунун ҳеҷ дамаш намебаромад ва ман чигунаю чиқора будани ўро намедонистам, зеро вай ҳар интернат ҳафтае фақат як бор худро нишон дода боз ғиб мегардия, сухани Чаборро бурида гуфт:

— Ту дам ист! Ба саф даро! (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ.
256). Лекин дар нахустин ҷудоии абадии навмедона ва дар луйӯм ҷудопе, ки дар пешаш умеди висол аст, зеро дар тақдири гурехтан, дар фурсати муносиб боз омадан дар назар буд (С. А., Кул., ҷ. I, саҳ. 209).

Бар эзоҳи ҷумлаи пайрави муайянкунанда омадани ҷумлаи пайрави сабаб дар ниҳояти комист.

г) бар эзоҳи ҷумлаи пайрави пуркунанда: Ҳукумати эмир намехост, ки ман аз доираи муллоҳо баромада равам, зеро аз доираи муллоҳо баромада рафтани ман аз дасти ў тамоман баромада рафтан буд (С. А., Кул., ҷ. I, саҳ. 69).
Ндонистам, ки роҳро гум намекунам, чунки он чинор намоён аст (С. У., Навобод, саҳ. 357).

е) ҷумлаи пайрави замон: Чун дар осмон, ки ҳама ҷояшро абри сиёҳ фурў гирифта буд, ягон ситораро ҳам надид,
пас гашта ба хона даромада гуфт (С. А., Кул., ҷ. III,
саҳ. 279).

ж) ҷумлаи пайрави мақсад: Имрӯз ҳам Шодӣ ӯро чег зад, ки бо маслиҳат ва фикрҳои бамаънии худаш ба кори онҳо ёрӣ диҳад, зеро ки ака Истад аз хурдӣ дар нодорӣ ва қашшоқӣ калон шуда, хизмати бойҳоро карда азобу уқубат дидааст, аз нони батракӣ шикам сер карда натавонистааст (Ҷ. И., Шодӣ, саҳ. 46). Вай аз хиҷолати дарунӣ сарашро ҳам карда рӯяшро гардонд, ки чашмаш ба чашми модараш наафтад, чунки суханаш рост набуд (С. У., Навобод, саҳ. 109).

з) ҷумлаи пайрави хилофӣ: Акнун заминҳо аз ғӯзапоя
тоза шуда, корҳои тирамоҳӣ ба охир расида буданд ва Нурҷон ба оснёву обҷувозсозӣ муқобил баромаданро лозим

пешина
аз 109
навбатӣ