Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

ҷумлаи пайрави сабаб қаҳр мекунад, тобеъ мекунад. Аммо азбаски ҷумлаи пайрави сабаб эзоҳталаб аст ва иҷрои фикри дар он ифодагардида ба шарте вобаста аст, бар эзоҳи он ҷумлаи пайрави шартӣ омадааст.

Ҷумлаи пайрави шартӣ бо пайвандаки агар мувофиқи хусусияти синтаксисии забони адабии тоҷик қариб ҳамеша пеш аз сарҷумлаи худ меояд, ҷумлаи пайрави сабаб дар айни замон сарҷумлаи он аст, бинобар ин ҷумлаи пайрави шартӣ пеш аз ҷумлаи пайрави сабаб омада бошад ҳам, ба сарҷумла не, балки ба ҷумлаи пайрави сабаб тобеъ аст ва ин хусусияти ҷумлаи пайрави шартӣ бунси дар як ҷо омада, вале ба вазифаи мухталиф истеъмол ёфтани пайвандакҳои мазкур гардидааст.

Дар ин гуна ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, баъзан пайвандаки агар истифода намеёбад, ҷумлаи пайрави шартӣ будани онро ба воситаи сиғаҳои феълӣ аниқ карда мешавад ва вай ба ҷумлаи пайрави сабаб ба воситаи интонация робита пайдо мекунад:

Пас аз колхоз шудан дар қатори замини дигарон ҳамки чор таноб замини ту ҳам нағз ронда кишта мешавад, зеро дар колхоз, аз як тараф, ҳайвонҳои кории колхозчиёнро якҷоя карда ба ҳамаи заминҳои колхоз баробар кор фармоянд, аз тарафи дигар, ҳукумат ҳам бо плуг, трактор ва культиватор ёрмандӣ мекунад, ки ба воситаи инҳо заминҳо нағз ронда ва кор карда мешаванд (С. А., Кул., ҷ. ІІІ. саҳ. 283).

Ҷумлаи пайрави сабаб бар эзоҳи дигар ҷумлаҳои пайрав

Вазифаи ҷумлаи пайрави сабаб бо тобеъ кардани ҷумлаҳои пайрави дигар ба худ маҳдуд намешавад, вай барэзоҳи дигар ҷумлаҳои пайрав низ меояд ва сабаби воқеъ гардидани онҳоро шарҳ медиҳад ва ё исбот мекунад, инчунин барои ба амал омадани онҳо воситаи асосӣ мегардад.

Дар ин тип ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ҷумлаи пайрави сабаб бар эзоҳи ҷумлаҳои пайрави зерин меояд:

а) ҷумлаи пайрави мубтадо: Баъд маълум мешуд, ки ин ёри нав гирифтаи ӯ низ ба ӯ номуносиб аст ва камбудиҳои бисёре дорад ё ки он зан вайро ба қадри кифоя дӯст намедорад, зеро Мухторро соҳибихтиёри худ намедонад (Ҷ. И., Ман гунаҳгорам, саҳ. 151). Вагони моро ба канор бароварда монданд ва моро лозим буд, ки шабро дар вагон гузаронем, зеро ки аввали пагоҳ мебоист намоянда-

38

пешина
аз 109
навбатӣ