Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

худ меоянд. Ба ин гурӯҳ асосан ҷумлаҳои пайрави шартӣ, ҳилофӣ, замон дохил мешаванд:

а) ҷумлаи пайрави сабаб, ки тобеи сарҷумла буда, пас аз пайрави шартӣ омадааст: Онҳо ба ин ҳол тоб оварда нигоҳ карда истода натавонистанд, зеро агар онҳо аз рӯи нархи бозори онрӯза харид кунанд, ба дигар ҷой бурда фоида кардан он тараф истад, ба тани харид фурӯхта тавонистанашон ҳам маълум набуд (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 80).

б) ҷумлаи пайрави сабабе, ки тобеи сарҷумла буда, пас аз ҷумлаи пайрави хилофӣ омадааст: Ҳама ӯро эҳтиром мекунанд, зеро агарчи одами якрав бошад ҳам, дар кораш ҳеҷ нуксоне намеёбед (Л. Сидқӣ, Ҷӯраи деринаи ман, саҳ.
104).

в) ҷумлаи пайрави сабабе, ки тобеи сарҷумла буда, пас аз ҷумлаи пайрави замон омадааст: Ҷой даркор бошад, сурфа карда монед, чунки ғиҷжакро ба даст ки гирифтам, ман ба так-так намеистам ва то саҳар менавозам, ҳалқатоп кӯк шавад, ман ҷавобгар не! (Р. Ҷ., Од. чов., к. II, саҳ. 60).

Агар ҷумлаи пайраве, ки ба ҷумлаи пайрави сабаб тобеъ буда, пеш аз он омадааст, ягон ҷумлаи пайрави дигарро ба худ тобеъ кунад, ҷумлаи пайрави сабаби тобеи сарҷумла дар ҷои сеюм меояд: Назар ба гуфти падарам, завод аз ҳамон рӯзе, ки онро аз дасти соҳиби пештарааш Иванов гирифтаанд, аз кор монда шудааст, зеро Иванов чун хабардор шудааст, ки заводро аз ӯ кашида мегиранд, устоҳоро аз кор холӣ ва коргаронро пароканда карда, машинаҳоро пинҳон ва ӯ вайрон намудааст: дар натиҷа дусаду панҷоҳ таноб барин токзори дар назди завод будагӣ ҳам хароб ва ҳосилаш нобуд гаштааст (С. У., Субҳ. ҷав.
мо, саҳ. 77).

Дар ин мисол ҷумлаи пайрави сабаб ба сарҷумла, пайрави замон ба сабаб ва пуркунанда ба замон тобеъ аст.

Дар ин тип ҷумлаҳои мураккаби тобеи дараҷаи аксар вақт ду пайвандаки тобеъкунанда дар як ҷо меоянд. Ин тарз истифода ёфтани онҳо хилофи қоидаҳои грамматикӣ набуда, хоси забони адабии тоҷик мебошад. Агарчи ин пайвандакҳо пас аз сарҷумла дар як ҷо омада бошанд ҳам, вазифаи мустақилро иҷро менамоянд.

Пагоҳу бегоҳ як косагӣ ду коса ширро ба саг медиҳем,
зеро агар ба вай нони бешир диҳем, қаҳр мекунад (С. А.
Кул., ҷ. III, саҳ. 228).

Дар ин мисол пайвандаки тобеъкунандаи сабаб зеро ва
пайвандаки тобеъкунандаи шарт — агар пас аз сарҷумла,
дар як ҷо омадаанд. Пайвандаки зеро ба сарҷумла

пешина
аз 109
навбатӣ