Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

д) ҷумлаҳои пайрави тарзи амал: Ин гапро ба ин кушодан ҳеҷ дуруст нест, зеро сухан дар миёнаи омма овоза шуда, бе он ки таги корро кованд, ҳама ба шӯриш меоянд (С. А., Кул., Ҷ. ІІ, саҳ. 211).

ж) ҷумлаи пайрави мақсад: Бо модари ӯгаям хайрухуш накард, зеро ки зан, албатта, моҷаро мебардошт ва ҳаракат мекард, ки ӯро аз рафтан боздорад (С. Ӯ., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 165).

з) ҷумлаи пайрави хилофӣ: Шодигул аз кабинети сардор хурсанд шуда баромадааст, ки аввалин супориши комсомолиро, гарчанде бо мадади номи падараш бошад ҳам, ба хубӣ иҷро кард (С. Ӯ., Навобод, саҳ. 66). Албатта, ба ватани худ гурехта рафта наметавонистам, зеро агар дар роҳ ба даст наафтам ҳам, дар худи он ҷо дастгир шуда кушта гардиданам ва ё ба зиндон афтоданам муқаррар буд (С. А., Кул., Ҷ. І, саҳ. 292).

к) ҷумлаи пайрави натиҷа: То ҳол ба амал овардани ин орзу ба ман муяссар нашуда буд, зеро баъди вафоти модарамон додари хурдсолам дар дасти ман монда буд, ки ман бояд ӯро парасторӣ мекардам (С. Ӯ., Субҳ. ҷав., мо, саҳ. 166).

л) ҷумлаи пайрави миқдору андоза: Ин гуна кор дар ҳақиқат мушкил бошад ҳам, барои тозиёни мо осон буд, зеро дили онҳо он қадар сахт буд, ки гирья ва зории бадбахтона, ки ин гуна фоҷиа ба сарашон афтодааст, сабаби коҳкоҳзанон хандидани онон мегардид (С. А., Кул., Ҷ. III, саҳ. 41).

  1. Ҷумлаҳои мураккаби тобеи дараҷа, ки дар онҳо ҷумлаи пайрави сабаб дар ҷои якум воқеъ нагардида пас аз ҷумлаҳои пайрави дигар омада бошад ҳам, ба сарҷумла тобеъ мебошад. Дар ин гуна ҷумлаҳо ҷумлаи пайрави дуюм (аз рӯи тартиби ҷойгиршавӣ) сабаб бо сарҷумла ва ҷумлаи пайрави якум ба дуюм тобеъ шуда меоянд:

— «Бими зарар нест! Зеро ман ӯро дӯст медошта бошам ҳам, ленинчигӣ ва комсомолии худро аз вай зиёдтар дӯст медорам (С. А., Кул., Ҷ. І, саҳ. 27).

Дар ин мисол «Бими зарар нест» сарҷумла буда, ҷумлаи пайрави сабаб — ленинчигӣ ва комсомолии худро аз вай зиёдтар дӯст медорам мебошад, ки дар ҷои якум не, балки дар ҷои дуюм омадаасту ба сарҷумла тобеъ мебошад ва ҷумлаи пайрави хилофиро бар изоҳи худ талаб намудааст. Ин тарз ба ҷумлаи пайрави сабаб тобеъ шуда омадан бо ҷумлаҳои пайрави хос аст, ки онҳо пеш аз сарҷумлаи

пешина
аз 109
навбатӣ