Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан
  1. Ҷумлаҳои мураккаби тобеи дараҷа, ки дар онҳо ҷумлаи пайрави сабаб ба сарҷумла тобеъ буда пас аз он воқеъ гардидааст ва ҷумлаҳои пайрави пас аз пайрави сабаб омада ба он тобеъ мебошанд. Дар ин тип ҷумлаҳо бар тобеи ҷумлаи пайрави сабаб ҷумлаҳои пайрави зерин меоянд:

а) ҷумлаи пайрави мубтадо:

Ака Восеъ, ба фикри ман, имрӯз
Сабр бояд кунем, чунки ҳанӯз
Нест равшан, ки дар куҷо чӣ қадар
Дорад ин ҳоким одаму лашкар.
(М. Т., Кул., ҷ. II, саҳ. 30).

б) ҷумлаи пайрави хабар: Ҳама хомӯш буд, чунки вазифаи ягонаи ҳамаи мо ин буд, ки ҳаракати душманро дар ҳарӣ назорат гирем (Ф. П., Вафо, қ. II, саҳ. 210).

в) ҷумлаи пайрави муайянкунанда: Ман ба оилаи шумо, хусусан ба додарам Барака миннатдориҳои калон дорам, зеро захми корде, ки мебоист ба синаи ман мешуд, ӯ ба худ гирифт (Ҷ. И., Шодӣ, саҳ. 145). Ба ғайр аз вай, ҳоло ҳеҷ кас бо ин роҳ намеояд, зеро ин ягона роҳест, ки аз байни кӯҳу кӯтал гузашта ба қишлоқи Гулистон меравад (Ҷ. И., Шодӣ, саҳ. 132).

Бо коргари ба маҳбас андохтасгуфтам: зи чӣ рӯй ранги худ бохтай?
Аз сахтии зиндон гила ҳаргиз манамо,
К-ин хонаи зулмест, ки худ сохтай
(А. Лоҳутӣ, Кул., ҷ. І, саҳ. 129).

Дар мисоли якум ҷумлаи пайрави муайянкунанда дар байни аъзоҳои ҷумлаи пайрави сабаб воқеъ гардида, дар ду мисоли сони пас аз ҷумлаи пайрави сабаб омада, ба он бо пайвандаки ки тобеъ шудааст.

г) ҷумлаи пайрави пуркунанда: Мақсади ман аз ин таъин бо сар шудани намоиш аз шаҳр баромада дар ҷое пинҳон шудан буд, зеро ман медонистам, ки аксулҳаракат хелонда маро дастгир хоҳанд кард (С. А., Кул., ҷ. І, саҳ. 79). Баъд аз баромади Зубайда ва Ҳошим Корвон чеҳраи Нуралӣ саҳл кушода шуда буд, чунки сухан гуфтани онҳо нишон медод, ки ба онҳо кор кардан мумкин аст (С. У., Навобод, саҳ. 56).

пешина
аз 109
навбатӣ