Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
Баҳори зиндагнам доимо шодона мебошад,
Бароям ҷовидоніт ин Ватан ҷонона мебошад.
Қадамро сӯи комун монданам мардона мебошад.
Кӣ моро партияи бошаҳомат бонию ҳомист.
Ягона мақсади мо коммунизм-мақсади олист.
(Ф. Ансорӣ, Гулдастаи дӯстӣ, саҳ. 19).
Ҳамин тавр, чӣ ҷумлаи пайрав ва чӣ сарҷумла чида шуда меоянд ва барои пурра ва ҳаматарафа кушодани моҳияти фикрӣ ҷумлаи сертаркиба имконият медиҳанд. Ҷумлаҳои пайрави чида ба як сарҷумла бо як пайвандак тобеъ мешаванд. Агар ҷумлаҳои пайрави чида аз дуто зиёд бошанд, пайвандаки паиҳам одатан пеш аз ҷумлаи пайрави охирин меояд, агар пайвандаки тобеъкунанда бо ҳар як ҷумлаи пайрави чида такрор шуда ояд, дар байни онҳо омадани пайвандаки паиҳам характернок нест.
ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ САБАБ ДАР ТАРКИБИ ҶУМЛАҲОИ
МУРАККАБИ ТОБЕИ ДАРАҶА
Ҷумлаҳои мураккаби тобеи дараҷа гурӯҳи алоҳидаи ҷумлаҳои сертаркибаро ташкил менамоянд ва ин типи ҷумлаҳои мураккаб дар забони адабии тоҷик ба таври фаровон истеъмол меёбанд. Таърифи ҷумлаи мураккаби дараҷаро академик Ниёзмуҳаммадов Б. Н. хеле кӯтоҳ ва равшан баён кардааст:
«Ҷумлаҳои мураккаби тобее, ки дар таркибашон ду ва ё якчанд ҷумлаҳои пайрав доранду он пайравҳо яке ба дигаре (ҷумлаи пайрави якум ба сарҷумла, дуввум ба якум, севвум ба дуввум, чорум ба севвум ва ғайра) тобеъ шуда омада яке дигареро шарҳ медиҳанд, ҷумлаҳои мураккаби тобеи дараҷа номида мешавад»2.
Дар асари мазкур дар бораи ҷумлаҳои мураккаби тобеи дараҷаи ду ҷумлаи пайравдор шашто мисол оварда шудааст, ки чортои онҳо дорои ҷумлаи пайрави сабаб мебошанд; ҷумлаҳои мураккаби тобеи дараҷаи се ва чор ҷумлаи пайравдор низ нишон дода шудааст.
Дар ҳамаи мисолҳо ҷумлаҳои пайрав пас аз сарҷумла омада, ба ҳамдигар тобеъ шудаанд ва ҷумлаҳои сонӣ ба ҷумлаи пеш аз худомада тобеъ шудаанд. Ин типи хеле паҳншуда ва машҳури ҷумлаҳои тобеи дараҷа ба дараҷа мебошад.
Дар забони адабии тоҷик ҷумлаҳои мураккаби тобеи дараҷа бо пайрави сабаб намудҳои гуногун доранд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё