Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
а) замонӣ: Ин ғайбзани абадӣ буд, зеро башараи ӯро дигар касе надид ва хабаре ҳам аз ӯ нашуд (Р. Ҷ., Од. ҷов., қ. II, саҳ. 228).
б) хилофӣ:
Битоб бар мани бетоб, эй ситораи қутбӣ, Ки ман шарораи гармам, ту рӯшноии сардӣ.
(Б. Жола, Ситораи қутбӣ, «Шарқи сурх», 1958, № 5).
в) ҷудоӣ: — Ба фикри ман, — гуфт хезумкаши дигар,— дар ин ҷо нигоҳ карда истоданамон, албатта, моро ба ҳалокат оварда мерасонад, зеро ё дар сармо ях баста мемурем ва ё барқ зада сӯхта ҳалок мешавем (С. А, Кул., ч. III, саҳ. 284).
ЧИДА ШУДА ОМАДАНИ САРҶУМЛА
Ба ду ва зиёда ҷумлаи содда як хел тобеъ будани ҷумлаи пайрави сабаб ба забони адабии тоҷик характернок аст. Дар ин хел ҷумлаҳо ҷумлаи пайрав бо ҳамаи ҷумлаҳои содда як хел мансуб аст ва онҳоро як хел шарҳу эзоҳ медиҳад, исбот мекунад ва ё боиси ба амал омадани онҳо мешавад: (Зебӣ) бе чиз ки буд, ба парвои ҳеҷ кадоматон наомад, дили ҳеҷ кадоматон ба вай насӯхт (С. У., Субҳ, чав. мо., саҳ. 143).
Дар ин мисол ҷумлаи (Зебӣ) бечиз ки буд пайрави сабаб буда, ҳар ду ҷумлаи сониро як хел эзоҳ медиҳад ва агар яке аз онҳо истисно карда шавад, ба дигаре мансуб шуда мондан мегирад:
Азбаски ҳастам зарбдор
Дар обёрию каланд,
Ҳам зиндагӣ осуда шуд,
Ҳам обрӯям шуд баланд.
(А. Баҳорӣ, Таронаи духтари меҳнат).
Туро мо дӯст медорем, мардум дӯст медоранд.
Барои он ки моро ҳам ту аз ҷон дӯст медорӣ.
(Ф. Ансорӣ, Тори илҳом).
ЧИДА ШУДА ОМАДАНИ ҲАМ САРҶУМЛА ВА ҲАМ
ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ САБАБ
Дар забони адабии тоҷик на танҳо яке аз ҷузъҳои ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайрави сабаб, балки ҳар ду ҷузъҳои он низ чида шуда омада метавонанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё