Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан
  1. Чуп назар пок асту дил пок асту пок аст орзу,
    Байти дилҷӯе, ки мехоҳӣ, ба дастат мерасад.
    (Қутбӣ Киром, Парвози меҳр. саҳ. 6).

  2. Мардум ӯро манъ карданд, каси дигарро фиристоданӣ шуданд, чунки он вақтҳо ноҳотирҷамъ буд, босмачиҳо ё дуздҳо баромада монданашон мумкин буд. (Ҷ. И., Ҳикоя ва очеркҳо, саҳ. 64).

  3. Одина, ки ҷавонӣ ва қувват дошт, ҳам аз талкон ва ғурут қути лоямуташ муҳайё буд, дар роҳ ба осебе дучор нашуда, аз ин дарёи фалокат ба канори саломат баромад (С. А., Кул., ҷ. I, саҳ. 201).

Ҷумлаҳои пайрави сабаби чида ба ҳам ба воситаи пайвандакҳои пайвасткунанда ва интонация робита пайдо мекунанд ва серистеъмолтарини онҳо пайвандаки «ва» мебошад:

Аммо аз он ҷо ки шумораи чопи он журнал («Инкилоб») кам ва саводнокони бо алифбои араб ҳам хеле маҳдуд буданд, дар он вақт ин асар дар байни оммони меҳнаткашон дуруст нашр наёфта монда буд (С. А., Кул., ҷ. I, саҳ. 103).
Аммо Қали Қурбон хурсанд набуд, зеро аз корҳои имшаба ягон фулус ба кисаи ӯ надаромад, хафагӣ ва ғавғо бисёр шуд, ба болои ҳама мӯйсафеди афгоршуда бо нигоҳи заҳрини худ, ки ба нигоҳи Азроил монанд буд, ба дили ӯ неш зад (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 249).

Миқдори ҷумлаҳои пайрави чидаи сабаб як хел нест, онҳо аз дуто зиёд шуда ҳам метавонанд ва миқдори зиёди онҳо ба пурра кушодани моҳияти ҷумлаи мураккаби сертаркиба имконият медиҳад:

Дар шароити он вақти Бухоро ин фикрро ба амал овардан мумкин набуд, чунки дар мамлакат ҳанӯз ҷангҳои гражданӣ давом мекард, заводҳо ва фабрикаҳо кор намекарданд ва муассисаҳои саноатӣ ҳам ба тайёр кардани асбоби мудофиаи революция ва баровардани молҳои зарурии ҳаррӯза машғул набуданд (С. А., Кул., ҷ. VII). Мо бечорагон ба пеши инҳо даҳон кушода наметавонистем, ҳоким ҳам тарафи инҳо, қозӣ ҳам тарафи инҳо, раис ҳам тарафи инҳо аст (С. А., Кул., ҷ. 11, саҳ. 76).

Ҷумлаҳои пайрави чида чунин ҳодиса ва воқеаҳоеро ифода менамоянд, ки онҳо ба ин ва ё он ҳодиса як хел мансуб мебошанд ва ҳодиса чун ҳиссан тобеъкунанда ва эзоҳдиҳанда воқеъ мегардад. Дар байни ҷумлаҳои пайрави чида муносибатҳои замонӣ, хилофӣ ва ҷудоӣ дида мешавад. Чунончи:

пешина
аз 109
навбатӣ