Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
фикри навро дар бар мегирад ва барои кушодани моҳияти ҷумлаи мураккаби тобеъ ҳар кадом саҳми муайян доранд:
— Гулнор, — гуфт — ту об биёр, ман маскаро тайёр карда мегирам, зуд бош, ки ҳеҷ об намондааст, ҳамин замон ҳамир мерасад, падарат ҳам хезумро меорад, барои нонпазӣ ҳам об даркор мешавад (С. А., Кул., Ҷ. II, саҳ. 12).
Азбаски ҷумлаҳои пайрави чида ба сарҷумла якхел тобеанд, ва онҳо баробарҳуқуқ мебошанд, ҳамаи онҳо ба сарҷумла ба воситаи як пайвандак ва ё як интонация тобеъ мешаванд:
Албатта, дар охир ҳақиқати мо, ҳақиқати коргари зӯр мебарояд, чунки мо аксарият ҳастем, мо дунёро барпо мекунем, мо соҳибони ҳақиқии дунё ҳастем (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 418). Ман маъюс шудам: охир ин чизҳо ҳеҷ ҷои ғалатигӣ надоранд, қанду «тешуқнон»-ро падарам аз ин пеш ҳам оварда буд (С. У., Субҳ, ҷав. мо., саҳ. 121).
Дар мисоли якум ҳар ду ҷумлаи пайрави чидаи сабаб ба воситаи пайвандаки «чунки» ва дар мисоли дуюм бо интонация ба сарҷумла тобеъ шудаанд, мансубияти пайвандакҳо ва интонация ба ҷумлаҳои пайрави чидаи сабаб як хел аст.
Пайвандаки тобеъкунанда метавонад бо ҳар як ҷумлаи пайрави чида низ ояд. Бо ҳар як ҷумлаи пайрави чида айнан такрор шуда омадани пайвандак ба сарҷумла як хел тобеъ будани ҷумлаҳои пайрави чида ва нисбат ба онҳое, ки ба сарҷумла танҳо бо як пайвандак тобеъ шудаанд, як маънои таъкидро ифода мекунанд:
Азбаски дар ин хонадон сахтию кулфати бисёр ба сарам омад, азбаски умри ҷавонам ҳамин тавр гузашта рӯи мардро надидам ва аз дунё бефарзанд мегузарам, азбаски лаътам заҳри ҳалоҳил шуд, худам ҳам захр шудам (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 366). Азбаски шумо ба боло рафтуомад доред, — гуфта шарҳ дод Акамаҳдум, — азбаски бо хонаводаҳои калоншавандагон алоқа доред, шояд дар бораи мактабхони усули ҷадидӣ ва ё ки дар бораи худи ҷадидон баъзе гапу ларф шунидагистед (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 444).
Ҷумлаҳои пайрави чида метавонанд пеш аз сарҷумла, паҳп аз он, дар мобайни аъзоёни сарҷумла оянд. Ҷумлаҳои пайрави чидаи сабаб, ки пеш аз сарҷумла меоянд, ба сарҷумла асосан бо ёрии пайвандакҳои азбаски, модом ки, чун, ҷумлаҳои чида пас аз сарҷумла омада ба он бештар ба воситаи пайвандакҳои ки, чунки, зеро, зеро ки ва ҷумлаҳои пайрави чидаи сабаби дар байни аъзоҳои сарҷумла омада ба сарҷумла бо пайвандаки ки тобеъ мешаванд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё