Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
ҳам, вале кам-кам ба узбекӣ табдил шудааст (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 54).
Аз ин мисол ба вазифаи ҷумлаи пайрави сабаб омадани ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайрави муайянкунанда ва хилофи равшан аён аст, вале дар ҷумлаи зерин агар пайвандаки «зеро» набошад, ба вазифаи пайрави сабаб омадани онро муайян кардан мушкилтар мегардад:
Агарчи ин шахси ношинос ба сиёсат ва тартибҳои ҳукуматдорӣ тамоми бегона буд ва шунидаҳои худро бо як ибораи авомонани содда ифода менамуд, лекин бо ин ифодаи хурд сиёсат ва воқеаҳои онрӯзаро тамоми шарҳ дода буд, зеро агарчи Кренский номи худро подшоҳ напаҳида буд, аммо сиёсати подшоҳӣ ва сармоядориро биайниҳӣ давом кунонида буд, ҳатто ҷанге, ки хонумони коргарон ва деҳқонони Россияро хароб карда, сарват ва ободии мамлакатро барбод дода буд, ба давом кунондан қарор карда, ба ҳуҷум фармон бароварда буд ва ҳол он ки як мақсади коргарон ва фақирон аз подшоҳбекоркунӣ барҳам додани ин ҷанги хонумонсӯз буд (С. А., Кул., ҷ. І, саҳ. 274).
На танҳо ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, балки ҷумлаҳои мураккаби пайваст ҳам ба вазифаи ҷумлаи пайрави сабаб меоянд.
Вай, албатта, муҳобот мекард, зеро борӣ ман қуввати як ҷавони понздаҳ-шонздаҳсолан тандурустро талаб менамуд ва ҳол он ки ман бачаи ёздаҳсола будам (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 168).
Ҷумлаи пайрави сабаб дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби сертаркиба ба вазифаҳои басо гуногун истеъмол меёбад, ки асоситарини онҳоро дида мебароем.
ЧИДА ШУДА ОМАДАНИ ҶУМЛАҲО
Ба забони адабии тоҷик чида шуда омадани на танҳо сараъзоҳо ва аъзоҳои пайрав, балки чида шуда омадани сарҷумла ва ҷумлаҳои пайрав низ хос аст.
ЧИДА ШУДА ОМАДАНИ ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ САБАБ
Дар бораи чида шуда омадани ҷумлаи пайрав Б. Н. Ниёзмуҳаммадов дар «Очеркҳо» якчандто мисолҳо оварда, дутои онҳоро таҳлил кардааст.1
Ҷумлаҳои пайрави чидаи сабаб сабаби воқеъ гардидани амали сарҷумларо изоҳ медиҳанд, фикри дар сарҷумла гуфташударо исбот мекунанд ва ё барои ба амал омадани сарҷумла сабаб мешавад. Чида шуда омадани ҷумлаи пайрави сабаб такрори биайниҳӣ набуда, балки ҳар кадом як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё