Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
Боби II
ҶУМЛАҲОИ МУРАККАБИ СЕРТАРКИБА БО ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ САБАБ
Вазифа ва моҳияти ҷумлаи пайрави сабаб ҳамон вақт пурра равшан зоҳир мегардад, ки вай дар таркиби ҳама гуна ҷумла ба ҳисоб гирифта шавад.
Ҷумлаи пайрави сабаб на танҳо барои эзоҳи як ҷумлаи содда, балки дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва мураккаби тобеъ низ омада метавонад. Ҷумлаи пайрави сабаб ба тарзи чида омада ду ё зиёда ҷумлаҳои соддаро низ эзоҳ медиҳад. Баъзан ҷумлаи пайрави сабаб дар таркиби ҷумлаҳои мураккабе вомехӯрад, ки онҳо ба ҳамдигар ба тарзи ҳам чида, ҳам дараҷа ва ҳархела алоқаманд шудаанд. Чунин воҳидҳои синтаксисиро ба инобат нагирифта, вазифа ва моҳияти ҷумлаи пайрави сабабро аниқ кардан мумкин нест.
Дар забони адабии тоҷик роли ҷумлаи пайрави сабабро баъзан ҷумлаи мураккаби тобеъ иҷро менамояд:
Аммо қазоқ розӣ нашуд:
— Агар дер мопем, нишонаро гум мекунем, ё гурезагонро дур мегурезонем, меҳнатҳоюи абас меравад (С. А., Кул., Ҷ. III, саҳ. 104).
Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, ки ба вазифаи ҷумлаи пайрави сабаб истеъмол ёфтаанд, ба сарҷумла аксар вақт ба воситаи пайвандакҳои сабабӣ робита пайдо мекунанд:
Мо ҳам забони ӯзбекиро медонистем, модарам бошад, дар солҳои аввали ба шавҳар баромаданаш аз тоҷикӣ дида ба ӯзбекӣ беҳтар гап мезадааст, зеро дар деҳаи зоидашудаи ӯ Қӯрғон, ки дар байни деҳоти ӯзбек воқеъ шудааст, гарчанде забони гуфтугӯии мардум як вақтҳо тоҷикӣ бошад

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё