Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

газида хӯрдам, лекин дилам накашид, зеро аз булка бӯи атр неомад (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 123).

б) ҷумлаи мураккаби омехта, ки ҳар ду қисмаш мураккаби тобеъ мебошад: Аз ин сухани пирамард ба лабони Лоҳунда як табассуми ғуруролуд пайдо шуда бошад ҳам, аз чашмони Гулнор андак дурахшандагии хашмгинона намоён гардид, аммо пирамард, ки ҳамаи ҳавасаш дар фикри роҳе ёфта ба колхоз даромадан банд буд, ин ҷойҳои корро пай набурд (С. А., Кул., ҷ. II, саҳ. 547). Маро ҳам иғво кард, ки қоҳамро ба бозор бурда фурӯшам, лекин азбаски ман дар вақтҳои охир дар ҳаққи ӯ бадгумон будам, акси гапи ӯро кардам (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 500—501).

Ҳиссаи якуми ҷумлаҳои мураккаби омехтаи мисоли якум дорои пайрави хилофӣ, ва севум пайрави мақсад буда, ҳиссаи дуввуми ҳар кадоми онҳо пайрави сабаб қабул кардааст.

Ҷумлаи пайрави сабаб қабул намудани ҳар ду қисми ҷумлаи мураккаби омехта дар забони адабии тоҷик хеле кам дучор мешавад:

Алами вай аз шарик накардани Юнусбой ӯро дар сохтмон набуд: колхози вай бе осиёву обҷувози худи ҳам рӯзаш мегузашт, алами пирамард аз қадрношиносии Юнусбой буд, ки некиҳои Ҳоҷиумарро фаромӯш карда дӯстии қадимиро қурбони манфиатпарастӣ ва худбинӣ намуда буд (С. У., Навобод, саҳ. 90).

Ҷумлаи пайрави сабаб дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби омехта, ки ҳиссаҳои он аз дуто зиёданд.

Ҷумлаи мураккаби омехта, ки зиёда аз ду ҳисса дошта, пайрави сабаб дар таркиби яке аз онҳо омадааст, нисбат ба ҷумлаҳои мураккаби омехта, ки танҳо ду ҳисса доранд, камистеъмолтаранд. Ҳиссаҳои ин типи ҷумлаи мураккаби омехта низ ҳаҷман як хел нестанд, онҳо содда ва мураккаб мешаванд:

Ҳар ҳам, ки се соат боз пайваста чаридан гирифтааст, хеле чолокона қадам мезад, лекин Одина, ки зудтар агар имкон бошад—парида рафтани буд, ин рафтори харро хеле суст ва оҳиста мепиндошт, бинобар ин аз хар пиёда шуда ба сағрини вай як-ду халачуб зада худ аз дунбол давид; аммо аз он ҷо ки пойҳояш дар ин чандрӯза пиёдагардии кӯҳистон обила зада буд, баробари хар роҳ рафта наметавонист.

Ҷумлаи пайрави сабаб дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби омехта ба тариқи зерин низ меояд:

пешина
аз 109
навбатӣ