Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан
  1. Чида шуда омадани ҷумлаи пайрави сабаб дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби омехта: Оймулло, ки аз ин тавр кор карда шудани ҳунараш сахт меранҷид ва дилашро дар ду алам пора мекард, дар ин кабил мавридҳо дигар нахонда метавонист, на навохта, лекин амри Пошшобибиро: хусусан дар ин тавр мавридҳои нозук рад кардан ба худ кафан дӯхтан қатӣ баробар буд (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 561). Рӯзи дигар Ҳамдуллоҳ моро ба беморхонаи шаҳрӣ, ки аз маҳаллаи онҳо хеле дур буд, бурд, аммо азбаски бемор бисёр ва дар беморхона ҷои холӣ набуд, баъд аз як рӯз оворагӣ боз моро ба хонааш пас овард (Х. И., Ду ёр аз ду диёр, саҳ. 62).

  2. Ба таври дараҷа воқеъ гаштани ҷумлаи пайрави сабаб дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби омехта: Рафиқ Мунзим ба таъбири «камакак-камакак», ба ҷои ин иборат «камтар»-ро таклиф мекунад, лекин афсӯс, ки «камтар» дар ин маврид мақсадро адо намекунад, зеро дар ин ҷо мақсад дар ниҳояти камӣ аст, ки онро танҳо таъсир дар таъсир «камакак» ифода карда метавонад (С. А., «Овози тоҷик», феврали 1929). Ман гумон кардам, ки эҳтимол дӯппиро фурӯхта, ба пулаш озуқа харида бошад, аммо гумони ман нодуруст баромад, зеро вай дӯппиро дӯхта тамом карда, пагоҳии рӯзи чоршанбе аз таги тахтакаш гирифта ба амакаш дод ва хоҳиш кард, ки онро дар бозор бурда фурӯшад ва ба пулаш якто корд харад (С. А., Субҳ., ҷав. мо, саҳ. 40).

  3. Ҷумлаи пайрави сабаб дар қатори дигар ҷумлаҳои пайрав яке аз ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаби омехтаро эзоҳ медиҳад: Агар фақирони ҳарчӣ ва деҳқонони қишлоқӣ инро надонанд, айб набуд, аммо коргароне, ки ба корхонае ғун шуда кор мекунанд, найрангҳои душманони синфии худро бояд медонистанд, зеро дар миёни онон касони донишманд ёфт мешаванд, аз мусулмонон ёфт нашаванд, аз русҳо ёфт мешаванд (С. А., Кул., Ҷ. I, саҳ. 290).

  4. Ҷумлаҳои пайрави сабаб дар таркиби худ боз ҷумлаи пайрав қабул менамоянд ва ҳар ду ҳиссаи ҷумлаи мураккаби омехта ҷумлаҳои мураккаби тобеи дараҷа ба шумор мераванд: Одина дар ин гумони худ ҳақ дошт, зеро он ҳама намоишҳо, пойкӯбиҳо ва қафзаниҳо, ки дар рӯзҳои Революсияи феврал аз оммаи мардум сар зада буд, ҳар касро ба ҳамин гумон меандохт ва ҳол он ки ин гумони хушку холӣ буд, зеро агарчӣ подшоҳ аз сари кор рафта буд, дигар арбоби истибдод ва аркони ҳукумати сармоядорӣ мисли аввал по бар ҷо буданд (С. А., Кул., ҷ. I, саҳ. 225).

пешина
аз 109
навбатӣ