Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
- Ҷумлаҳои пайрав дар таркиби ҷумлаи мураккаби омехта ҳам дараҷа, ҳам чида шуда меоянд ва ҳам сарҷумларо якчандтарафа эзоҳ медиҳанд: У, ки аз худро донистан боз дар бандагӣ, дар зулм ва ҳақорат умр гузаронидааст ва ҳеҷ гоҳ самараи дастранҷаш насиби худаш нашудааст, дар ин рӯзе, ки ҳама чизи вайро ба худаш додаанд, ҳақ дошт, ки аз ҳар кас бештар шодӣ кунад; вай, ки хусусан чар ин даҳ соли охири сарсабзии ниҳоли зиндагӣ ва навбаҳори айёми ҷавонии худро дар зиндонҳои беҳаво ва дар обхонаҳои безиё ба боди хазон додааст, ҳақ дошт, ки аз ҳама фузунтар насими рӯҳафзои озодиро бишамад; зеро лаззати таом ба қадри гуруснагист ва гувороии об ба андозаи ташнагӣ (С. А., Кул., ҷ. II, саҳ. 265).
Ба ҳиссаи якуми ин ҷумлаи мураккаби омехта чор ҷумлаи пайрав тобеъ шудааст, дун аввал: 1) аз худро донистан боз дар бандагӣ, дар зулм ва ҳақорат умр гузаронидааст ва 2) ҳеҷ гоҳ самараи дастранҷаш насиби худаш нашудааст пайрави сабаби чида буда, сарҷумла — ӯ ҳақ дошт-ро аз як тараф эзоҳ диҳанд, ҷумлаи пайрави муайянкунанда — ҳама чизи вайро ба худаш доданд ва пуркунанда — аз ҳар кас бештар шодӣ кунад вайро аз ду тарафи дигар маънидод мекунанд ва моҳияти ин ҳиссаи ҷумлаи мураккаби омехта, ки ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайравҳои ҳархела ва чида мебошад, маҳз ба туфайли ҷумлаҳои пайрав кушода мешавад, сарҷумлаи он, ки ҷумлаи соддаи хуллас мебошад, танҳо роли барандагиро мебозад. Ҳиссаи дуюми ин ҷумлаи мураккаби омехта боз ҳам аҷибтар аст, вай ҷумлаи мураккаби тобеи ҳархела-дараҷа-чида мебошад, зеро сарҷумлаи онро вай ҳақ дошт аз як тараф, ҷумлаи пайрави сабаб — хусусан дар ин даҳ соли охири сарсабзӣ ниҳоли зиндагонӣ ва навбаҳори айёми ҷавонии худро дар зиндонҳои беҳаво ва обхонаҳои безиё ба боди хазон додааст, аз тарафи дигар, ҷумлаи пайрави пуркунанда — аз ҳама фузунтар насими рӯҳафзои озодиро бишамад маънидод ва пурра мекунад, дар айни замон ҷумлаи пайрави пуркунанда ҷумлаҳои пайрави чидани сабабро — лаззати таом ба қадри гуруснагист ва гувороии об ба андозаи ташнагӣ ба худ тобеъ намудааст, ки ин ҷумлаи мураккаби тобеи ҳархела-дараҷа-чида шудааст.
Дар ҷумлаи мураккаби омехтаи мазкур, ки аз даҳ ҷумлаи содда иборат аст, панҷто ҷумлаи пайрави сабаб ба тарзи чида, дараҷа ва яке дар қатори дигар пайравҳо ба сарҷумла тобеъ шуда омадааст.
Муносибати ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаби омехта чун муносибати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё