Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

байни якдигарин ҷумлаҳои мураккаби пайваст аз муносибатҳои замонӣ, хилофӣ, сабабу натиҷавӣ ва ҷудоӣ иборат буда, ҷумлаи пайрави сабаб бо яке аз ҳиссаҳо ва ё бо якчандтон он ҳиссаҳо меояд. Азбаски нишон додани ин муносибатҳо моро аз мавзӯи асосӣ дур мекунад, бо овардани ду-се мисол доир ба ҳар кадоми онҳо қаноат мекунем:

  1. Фақат молаи ман сих надошт ва ба сихмола (дандона) эҳтиёҷ ҳам надоштам, чунки кулӯхҳои калони заминро дар вақти гардондан бо мӯҳраву неши каланд зада маҳин карда будам (С. А., Кул., ҷ. 1, саҳ. 16). Аммо асп ҳам, ки монандӣ соҳиби худ якрав метофт, як қадам ба ақиб намегашт ва аробакаши ҷавон, ки аз ҷаҳл лабони тунукаш мепариданд, ба сагрин асп тозиёна зада, аробаро ба болон рақиби худ рондани мешуд (Р. Ҷ., Од. ҷов., к. II, саҳ. 3).

Дар ин мисол ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаби омехта дар муносибати замонӣ мебошанд.

  1. Ман ҳам Амонро як-ду бор бардоштанӣ шудам, аммо қади вай, ки аз қади ман саҳл баланд буд, поҳои дароз дарозашро ба зӯр аз замин мекандам (С. У., Субҳ, ҷав. мо, саҳ. 12).

Дар ин мисол ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаби омехта дар муносибати хилофӣ мебошанд.

Дар ҷумлаҳои мураккаби омехта, ки ҳиссаҳои онҳо дар муносибати хилофӣ мебошанд, ҷумлаи пайрави сабаб бештар бо ҳиссаи дуюм меояд, зеро сабаби бар хилофи ҳиссаи якум гузошта шудани он бо ҷумлаи пайрави сабаб шарҳ меёбад.

Агар ҷумлаи пайрави сабаб ба сарҷумла ба воситаи пайвандак тобеъ шуда бошад, муайян намудани ҷумлаи пайрав нисбатан осонтар аст. Аммо агар ҷумлаи пайрави сабаб ба ҳиссаи хилофин ҷумлаи омехта — сарҷумла фақат ба воситаи интонация тобеъ шуда бошад, каме беэҳтиётӣ боиси иштибоҳ шуданаш мумкин аст. Ин ҳолат бештар дар ҷумлаҳое вомехӯрад, ки ҷумлаи пайрави сабаб пеш аз сарҷумла - ҳиссаи дуюм омада, пайвандаки хилофӣ пеш аз он воқеъ шуда бошад:

Занҷири даричаро кушоданӣ шудем, аммо вай баланд буд, қадамон нарасид (С. У., Субҳ, ҷав. мо саҳ, 226).

Дар ин мисол пайвандаки аммо дар аввали ҷумлаи пайрави сабаб омада бошад ҳам, ҷумлаи сейумро, ки ҳиссаи хилофин ҷумлаи омехта ва хилофи ҷумлаи якум аст, ба ҳам мепайвандад. Бинобар он талаффузи пайвандаки хилофӣ дар ин гуна вақтҳо аз талаффузи пайвандакҳои хилофие, ки ҷумлаҳои ҳампаҳлуро ба ҳам алоқаманд мекунад ва нишондиҳандаи

пешина
аз 109
навбатӣ