Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

муносибатҳои онҳо мебошад, фарқ дорад. Дар ҷумлаҳои хилофин ҳампаҳлӯ пайвандакҳои хилофӣ ғайр аз «у», ки ба ин вазифа низ меояд, бо ҷумлаи дуюъм қариб якҷоя талаффуз меёбад, аммо агар ҷумлаи хилофии дуюъм пеш аз худ ҷумлаи пайрав дошта бошад, баъд аз пайвандакҳои хилофӣ каме ист карда мешавад.

Дар ин гуна ҷумлаҳои мураккаби омехта, агар ҷумлаи пайрави сабаб бо пайвандак ояд, пайвандаки хилофӣ ва сабабӣ ҳампаҳлӯ, дар як ҷо воқеъ мегарданд:

Мо дар он вақт касри ашъорӣ мехондем, аммо азбаски ман пештар касри оддиро нагузашта будам, касри ашъориро дуруст аз худ карда натавониста, дар ҳал кардани масъалаҳои он бисёр душворӣ мекашидам (С. У., Субҳ. ҷав. мо, сах. 283).

Баъзан ҳиссаи дуюуми ҷумлаи мураккаби омехта пас аз ҷумлаи пайрави сабаб, ки ба ҳиссаи якум тобеъ аст, воқеъ мегардад. Дар чунин ҳолатҳо барои муайян намудани ҳиссаи ҷумлаи омехта ба мазмун ва мундариҷаи ҷумлаи мураккаб бештар диққат кардан лозим аст, чунки дар ин шакл ҷумлаи пайрави сабаб низ меояд:

— Хуб, ман туро кор мефармоям, дар куҷо, чӣ гуна ва бо чӣ қувват будани Диловаршоҳ ва Ғайратшоҳи дарвозиро фаҳмиданамо даркор аст, агар барои ин кор мардеро фиристонем, албатта талаф хоҳад шуд, зеро босмачиён дар вақтҳои охир аз ҳар кас дар шубҳа афтода бе пурсиш кушта истодаанд. Аммо бояд онҳо дар занҳо он қадар шубҳа надошта бошанд, бинобар ин ман гумон мекунам, ки ин корро тӯҳфа карда метавонӣ (С. А., Кул., ҷ. II, сах. 400).

Дар ин мисол ҷумлаи «бояд онҳо дар занҳо он қадар шубҳа надошта бошанд» хилофи ҳиссаи ҷумлаи мураккаби омехта, ки сарҷумлаи пайрави сабаб аст, набуда, балки хилофи ҷумлаи пайрави сабаб мебошад, аммо ҷумлаҳое низ ҳастанд, ки пас аз ҷумлаи пайрави сабаб омада бошанд ҳам, ҳиссаи хилофии ҷумлаи омехта ба ҳисоб мераванд, на ҷумлаи пайрав:

Дар бораи мақолаи шумо, рафиқ Усмонов, дар бораи ҳамон мақолаи оид ба дарси Нусратзода навиштаатон ман чизе гуфта наметавонам, зеро мутаассифона, ба дарси он одам иштирок накардаам, лекин муовини вазир Қосимҷонов (Қосимҷонов муовини дуюми вазири маориф буд) Нусратзодаро нағз мешиносанд ва ба ӯ эҳтироми калоне доранд ва фикрҳои шуморо тамоман нодуруст ҳисоб мекунанд (Р. Амонов, Дар доманаи кӯҳ. каб., саҳ. 195).

  1. Модоме ки оби найсон омад ва он ҳам дар рӯзи омадани
пешина
аз 109
навбатӣ