Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
мо, албатта ба ҳосияти мову оби пайсон имсол ҳосилоти деҳқонӣ фаровон мешавад ва мардум бадавлат мешаванд, ба китобу адабиёт ҳавас ва мароқ зиёд мешавад, дар натиҷа кори нависандаҳо низ пеш меравад (Ҷ. П., Ҳикоя ва очеркҳо, саҳ. 223).
Дар ин ҷумлаи омехта ҷумлаи якум, ки ба зераш хат кашида шудааст, пайрави сабаб буда, ҷумлаи албатта ба ҳосияти мову оби пайсон имсол ҳосилоти деҳқонӣ фаровон мешавад, натиҷаи он мебошад ва се ҷумлаи соддаи сонӣ низ ба ҳам дар муносибати сабаб-натиҷа мебошанд ва ҳар як ҷумла нисбат ба ҷумлаи пеш аз худ натиҷаро ва нисбат ба ҷумлаи пас аз худ сабабро мефаҳмонад.
Дар забони адабии тоҷик ҷумлаҳои мураккабе низ ҳастанд, ки аз ҳамаи ҷумлаҳои дар боло дидаи мо ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар ин тип ҷумлаҳои мураккаб ҷумлаи пайрав одатан дар байни ду ҷумла воқеъ мегардад ва он натиҷаи ҷумлаи аввал буда, дар айни замон боиси ба амал омадани ҷумлаи севӯм шудааст. Ин хел ҷумлаҳои мураккабро сабаб-натиҷа-сабаб-натиҷа номидан мумкин аст.
Дар бораи ба ҳам дар алоқаи ҷудонашаванда будани сабабу натиҷа ва дар як ҷо сабабу дар ҷои дигар натиҷа шудани як воқеа В. И. Ленин чунин менависад:
«Ин ки ин робитаи табиӣ, робитаи ҳодисаҳои табиат ба таври объективӣ вуҷуд дорад, ин ба назар намоён аст. Энгельс ақидаи диалектикии оид ба сабаб ва натиҷаро махсусан таъкид менамояд: «Сабаб ва натиҷа тасаввурҳое мебошанд, ки дар ҳамин сифати худ фақат нисбат ба ҳодисаҳои ҷудогонаи муайяне аҳамият доранд, лекин ҳамин ки мо ин ҳодисаи ҷудогонаро аз ҷиҳати робитаи умумии бо тамоми олами том доштан он санҷиданӣ шавем, дарҳол ин тасаввурҳо дар тасаввури баҳамтаъсипрасонии универсалӣ сабабҳо ва натиҷаҳо доим ҷои худро иваз карда меистанд, он чи ки дар ин ҷо ё ҳозир сабаб мебошад, дар он ҷо ё дар он вақт ба натиҷа мубаддал мегардад ва баръакс».4
Ин қонуни диалектикии ҳаёт аз он сабаб дар материали забон таҷассум ёфтааст, ки тафаккур инъикоси реалияи ҳаёт буда, бо забон алоқаи мустаҳкам дорад ва забон воситаи асосии мубодилаи афкор аст. Аз ин ҷост, ки ин қонуни диалектикиро дар муносибати ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаб низ дарк кардан мумкин аст.
Ҳар чӣ бошад,—мегуфт босмачии дигаре, «агарчӣ деҳҷан вайрон аст, номи калон дорад», бо шунидани номи ин кӯрбошиён пас аз кушта шудани Анвар парокандашуда дигарбора дар як ҷо ғун гардидаанд: анқариб аст, ки дар зе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё