Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

ри сардори ин Кӯлобро ба даст дарорем, нағзии ин аз Анвар дар ин ҷост, ки ба неку бади мо кор надорад, азбаски худаш зандӯст ва молпараст аст, забонаш кӯтоҳ аст, бинобар ин ба айшу ишрат ва молғундории мо роҳ мемонанд (С. А., Кул., ҷ. II, саҳ. 381).

Дар ин мисол ҷумлаи забонаш кӯтоҳ аст, нисбат ба ҷумлаи худаш зандӯст ва молпараст аст натиҷа буда, нисбат ба ҷумлаи пас аз худ омада сабаб мебошад.

Чӣ хеле ки маълум гардид, ҳаҷм ва муносибати ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаби омехта ҳар хел аст. Агар ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаби омехта аз дуто зиёд набошад, муносибати он ҳиссаҳо як хел аст, яъне ҳиссаҳои он ба ҳам ё дар муносибати замонӣ, ё хилофӣ, ё сабаб-натиҷа ва ё ҷудоӣ мебошанд. Аммо агар ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаби омехта аз дуто зиёд бошанд, дар як таркиб як муносибат ё такрор меёбад ва ё муносибатҳои ҳархеларо дар он ҳиссаҳо дидан мумкин аст. Ҷумлаи пайрав барои кушодани мазмун ва мундариҷаи ҷумлаи мураккаби омехта ёрӣ мерасонад ва баъан мавқеи он ба дараҷае мерасад, ки бе он робитаи ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаби омехта суст мешавад ва ҳатто барҳам мехӯрад.

Дар забони адабии тоҷик ҷумлаҳои мураккабе, ки дар онҳо зиёда аз ду ҷумлаи содда бо ҳам алоқаманд шудаанд, фаровон истеъмол меёбанд. Миқдори ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби сертаркибаро бо ин ва ё он адад маҳдуд кардан мумкин нест, вай ба маҳорати нависанда ва гӯянда вобаста аст, вале ҷумлаҳои сертаркиба набояд ба хонанда ва шунаванда номафҳум бошанд.

Тарзи алоқа ва ҷойгиршавии ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби сертаркиба басо гуногун ва ҷолиби диққат мебошад. Ҷумлаи пайрави сабаб дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби сертаркиба яке аз пайравҳои серистеъмолтарин буда, дар ҳама гуна таркибҳо меояд.

Ҷумлаҳои пайрави сабаб ба таври чида ба сарҷумла воқеъ шуда, барои ҳаматарафа шарҳу эзоҳ додани он имконият медиҳад. Ҷумлаҳои пайрави чида такрори айнани якдигар набуда, ҳар кадоми онҳо барои ифодаи мазмуни ҷумлаи мураккаби сертаркиба бевосита иштирок менамоянд. Ҳамаи ҷумлаҳои пайрави чида ба сарҷумла ба воситаи як пайвандак тобеъ мешаванд, он пайвандак метавонад бо ҳар як ҷумлаи пайрави чида такрор шуда ояд. Ҷумлаҳои пайрави чидаи сабаб пеш аз сарҷумла, пас аз он ва дар байни аъзоёни он омада метавонанд.

пешина
аз 109
навбатӣ