Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
грамматикии намудҳои гуногуни ҷумлаҳои мураккаб дар мо кунуни сар шуда истодааст».
Дар боби сеюм воситаҳои грамматикии алоқаи ҷумлаи пайрави сабаб бо сарҷумла нишон дода шудаанд. Мавқеъ ва дараҷаи истеъмолии пайвандакҳои хоси сабабӣ, муштараккалима ва воситаҳои ғайрипайвандакии алоқа: хелҳои интонация, ҷобаҷогузории сарҷумла ва ҷумлаи пайрав, шаклҳои гуногуни сиғаи феълӣ, калимаҳои нисбӣ, ҳиссача, калима ва таркибҳои модалӣ низ нишон дода шудаанд.
Боби чорум муносибати синонимии ҷумлаи пайрави сабаб ва ибораҳоро инъикос менамояд.
Мусаввадаи ин китоб дар кафедраи забони Институти педагогии ш. Душанбе (бо роҳбарии доцент А. Эшонҷонов) ва дар кафедраҳои забони тоҷикӣ ва форсии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (бо роҳбарии доцент Ҳ. Каримов) муҳокима шуд. Барои беҳтар шудани сифати кор доктори илмҳои филология В. С. Расторгуева, ходими хизматнишондодаи илм Н. А. Маъсумӣ, аъзо-корреспонденти АФ республика М. Ф. Фозилов, профессорон Д. Т.
Тоҷиев, О. Ҷ. Ҷалолов, доцент С. Ҷ. Арзуманов ва номзадҳои илмҳои филология Р. Ғаффоров, Ҳ. Ҳусейнов маслиҳатҳои хуб доданд.
Кори мазкур аз аввал то охир бо роҳбарии академики АФ РСС Тоҷикистон профессор Бобоҷон Ниёзович Ниёзмуҳаммадов навишта шуд.
Муаллиф ба олимон ва аъзоёни кафедраҳои номбурда надори миннатдорӣ менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё