Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Онҳое, ки барои таснифоти ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ба таълимоти Бородицкий такя намуда, ҷумлаҳоро аз рӯи мазмун ва ифодаи маъноиашон ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд ва дар айни замон нишондиҳандаҳои грамматикиро низ ба инобат мегиранд, бешубҳа, барои то охир гузаронидани таснифоти ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ва нишон додани муносибати ҳиссаҳои он имконият меёбанд.

Забоншиносон дар вақти таснифоти ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ба ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо пайрави сабаб диққати махсус медиҳанд, чӣ дар таснифоти анъанавӣ ва чӣ дар фикрҳои имрӯза вай дар мадди назар аст.

Дар забони адабии тоҷик ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайрави сабаб яке аз хелҳои серистеъмолтарини ҷумлаҳои мураккаб мебошад. Ҳиссаҳои ин ҷумлаҳо ба ҳамдигар муносибати гуногун дошта, аз ҷиҳати сохт, ифодаи маъно ва таркиб низ ҳар хел мешаванд.

Мақсади асосии тадқиқоти мо ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайрави сабабро аз ҷиҳати сохт ва мазмуну вазифа таҳлил ва таҳқиқ намуда, хусусиятҳои грамматикии ҷумлаи пайрави сабаб, мавқеъ ва ҷои истеъмолии он, мувофиқат ва мутобиқати он бо сарҷумла, тарзи ифода ва воситаҳои грамматикии алоқаи онро бо сарҷумла нишон додан аст.

Материале, ки дар асоси он тадқиқот гузаронда мешавад, адабиёти бадеии гуногунжанри советии тоҷик ва матбуоти даврагӣ мебошад.

Ин кор аз муқаддима, чор боб ва хотима иборат буда, дар охир рӯйхати асарҳои бадеӣ ва илмии истифодашуда дода мешавад.

Боби якум хусусиятҳои грамматикӣ ва моҳияти ҷумлаи пайрави сабаб, мавқеи истеъмоли онро дар бар мегирад. Хусусиятҳои эзоҳӣ, исботкунии ҷумлаи пайрави сабаб ва хусусияти сабабнатиҷагии ҷумлаи мураккаби тобеъ бо ҳаман намудҳояшон дар ҳамин боб дида шудаанд.

Дар боби дуюм дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби сертаркиба омадани ҷумлаи пайрави сабаб мавқеи тадқиқ қарор гирифт. Дар ин бора ба нишондоди зерини грамматикаи илмии забони русӣ, ки касро ба рафтори эҷодӣ ва ҷустуҷӯ водор месамояд, такя карда шудааст:

«Охир омӯхтани худи сохти грамматикии ҷумлаи мураккаб, омӯхтани сохти ҷузъҳои асосӣ ё ки аъзоҳои он, миқдору характер ё ки тарзи алоқамандшавии онҳо, муносибати шаклии ҳиссаҳояшон, тарзи омӯхтани моҳиятӣ

пешина
аз 109
навбатӣ