Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
бинобар он ки, бинобар ин ки-ро низ нишон додаанд.
Абдураҳим Ҳумоиюфаррух дар қатори дигар пайвандакҳои сабаб пайвандаки то-ро ном бурда, «иллат ва сабабро баён намояд» гӯён чанд мисол овардааст, ки моҳияти масъаларо равшан намекушоянд.
Дар вақти муайян намудани ин ва ё он категорияи грамматикӣ ягонагии шаклу мазмунро ба инобат гирифтан лозим аст. Яке аз нишонаҳои асосии грамматикии аз ҳам фарқкунандаи ҷумлаи пайрави сабаб ва мақсад дар он аст, ки хабари ҷумлаи пайрави сабаб одатан бо шаклҳои гуногуни сиғаи хабарӣ ва хабари ҷумлаи пайрави мақсад оинад, бо сиғаи шартӣ-ҳоҳишмандӣ (аорист) ифода меёнад. Бо аорист ифода ёфтани хабари ҷумлаи пайрави сабаб танҳо вақте имконпазир мегардад, ки дар таркиби ҷумлаи пайрав мисли бояд, шояд, мабодо, эҳтимол, мумкин аст ки калима ва таркибҳои модалӣ истеъмол ёфта, ба ҷумла тобишҳои гуногуни маъноӣ бахшанд. Мисол:
- Бо вуҷуди ин, барои ин ки ҳамон қадар зочадухтарон оз сочаи ман мӯҳтоҷ буданд, ба дили худ фикр мекардам.
Аз ҳама душвотарини ин корҳо дар вақти худ тамом кардани кишт аст, зеро имсол бояд колхоз 137 гектар пахта корад.
Дар забоншиносии тоҷик ҷумлаи мураккаб, алалхусус мураккаби тобеъ, яке аз масъалаҳои тадқиқнашуда мебонад. Дар ин соҳа танҳо ду рисолан махсус таълиф ёфт, ки яке ба ҷумлаи пайрави замон ва дигаре ба ҷумлаи пайрави шартӣ бахшида шудааст.
Ҷумлаи пайрави сабаб дар забоншиносии тоҷик ба таври бояду шояд омӯхта нашудааст. Дар ҳамаи сарчашмаҳо дар бораи ин хели ҷумлаҳои мураккаби тобеъ фақат маълумоти нопурра дода шудаанд. Алоҳида ва ҳаматарафа омӯхта нашудани ин тип ҷумлаҳои мураккаби тобеъро ба ҳисоб гирифта, таҳқиқ ва тадқиқи онро мо мақсади худ қарор додем.
Дар солҳои охир бисёр олимон ноқисиҳои таснифоти анъанавии ҷумлаҳои мураккаби тобеъро нишон дода, барои аз нав тасниф кардани онҳо масъала гузошта истодаанд. Аксарияти онҳо, алалхусус И. Г. Чередниченко, Е. В. Кротович, Н. С. Поспелов, С. Е. Крючков, Л. Ю. Максимов, Н. Л. Широкова, Б. Н. Ниёзмуҳаммадов, Н. А. Маъсумӣ барои таснифоти ҷумлаҳои мураккаби тобеъ фикрҳои пуркимате пеш рондаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё