Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Ин таърифот хусусият ва вазифаи ҷумлаи пайрави сабабро пурра дар бар нагирад ҳам, ба талаботи барномаи мактабӣ то як андоза ҷавоб дода метавонад. Дар бораи хусусиятҳои грамматикӣ ва воситаҳои алоқаи ҷумлаи пайрави сабаб бо сарҷумла дар китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ васеътар истодан мумкин буд, вале дар он танҳо навишта шудааст: «Ҷумлаи пайрави сабаб сабаби иҷро шудани ва ё пашшай шудани амали сарҷумларо ифода мекунад.

Ҷумлаи пайрави сабаб ба сарҷумла ба воситаи пайвандакҳои азбаски, чунки, зеро, зеро ки, модом ки, ки, ба сабаби он ки, ба сабаби ин ки, аз сабаби он ки пайваст мешаванд».

«Ҷумлаи пайрави сабаб ҳам дар таркиби ҷумлаи мураккаби тобеи бепайвандак бо интонатсия ба сарҷумла тобеъ мешавад».

Дар ин ҷо миқдори пайвандакҳои сабабӣ аз шашто ба нуҳто расидааст, аммо хусусиятҳои грамматикии ҷумлаи пайрави сабаб пурра шарҳ наёфтаанд.

Дар бораи ҷумлаи пайрави сабаб дар «Очеркҳо»-и Б. Ниёзмуҳаммадов ҳамон қадар маълумот дода шудааст, чи қадаре ки дар китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ.

В. С. Расторгуева дар қатори дигар пайвандакҳои сабабӣ пайвандаки «чун»-ро низ номбар мекунад.

Дар «Очеркҳо»-и Н. Маъсумӣ сабаби бо ҳарфи калон навишта шудани ҷумлаҳои пайрави сабаб вобаста ба услуби соддабаёнии сохти синтаксисии забони повести «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ маънидод карда шудааст.

Бо аломати нуқта аз сарҷумла ҷудо кардани ҷумлаи пайрави сабаб торафт зиёд шуда истодааст, ки он хилофи қоидаи пунктуасионӣ мебошад ва онро бояд пешгирӣ кард.

Дар бораи ҷумлаи пайрави сабаб дар диссертацияи номзадии Шаҳобова М. Б. нисбатан васеътар сухан рафтааст. Дар ин диссертация аз ҷиҳати илмӣ тадқиқ намудани ҷумлаи мураккаби тобеъ, дар қатори онҳо ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайрави сабаб, кӯшише ба назар мерасад.

Маълум аст, ки забони форсӣ бо забони тоҷикӣ хешигарӣ дошта, баъзе масъалаҳои грамматикии ин ду забон қариб як хел зоҳир мешаванд, бинобар ин мо баъзе грамматикаҳои забони форсӣ ва «Дастури ҷомеи забони форсӣ»-ро аз назар гузаронидем.

Дар асарҳое, ки ба грамматикаи забони форсӣ бахшида шудаанд, асосан пайвандакҳои тобеъкунандаи сабабӣ: ки, чунки, зеро ки, чун, чаро ки номбар карда шудаанд. А. К. Арендс ба замми инҳо барои он ки, ин ки ва В. С. Расторгуева

пешина
аз 109
навбатӣ