Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
МУҚАДДИМА
Забони адабии тоҷик яке аз бойтарин забонҳои Ватанамон мебошад ва таърихи дуру дарозеро аз сар гузаронидааст, вале қонун ва қоидаҳои грамматикии он то Революсияи Кабири Социалистии Октябр ҳамчун фан омӯхта намешуд.
Омӯхтан ва тадқиқ намудани шеваҳои забони тоҷикӣ аз тарафи олимони рус ҳанӯз аз нимаи дуюми асри гузашта сар шуда бошад ҳам, вале дар давраи аввали омӯхтани забони тоҷикӣ, ки то солҳои 1923-ро дар бар мегирад, оид ба сохти грамматикии забони адабии тоҷик ниҳоят кам маълумот дода шудааст. Ин давраро В. С. Расторгуева «давраи ғуншавии фактҳо» меномад.
Таълими забони адабии тоҷик ҳамчун фанни мустақил танҳо баъд аз ғалабаи оламшумули Октябри Кабир оғоз ёфт. Талаботи маорифи халқ тартиб додани китобҳои дарсии забони тоҷикиро дар навбати аввал гузошт ва китобҳои дарсии забони тоҷикӣ паси ҳам нашр шудан гирифтанд.
Муқоисаи нашрҳои гуногуни китобҳои дарсии грамматика нишон медиҳад, ки таҳлили ҷумлаҳои мураккаби тобеъ дар китобҳои дарсӣ дар ҳар чоп тадриҷан беҳтар шудааст ва чопи охирини он норасоиҳои зиёде дошта бошад ҳам, нисбатан мукаммалтар аст. Дар ин китоби дарсӣ оид ба ҷумлаи пайрави сабаб чунин маълумот дода шудааст: «Ҷумлаи пайрави сабаб сабаби он чизеро, ки дар сарҷумла гуфта шудааст, нишон медиҳад. Ҷумлаи пайрави сабаб ба саволҳои барои чӣ?, аз чӣ сабаб?, ба кадом сабаб? ва дигарҳо ҷавоб мешавад.
Ҷумлаи пайрави сабаб бо сарҷумла ба воситаи пайвандакҳои ки, барои он ки, бинобар ин, зеро, чунки, азбаски ва монандӣ ин пайваст мешавад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё