Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Яке аз хусусияти ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, ки дар диалогҳо меоянд, он аст, ки чӣ дар байни сарҷумла ва ҷум-лаи пайрави сабаб ва чӣ дар таркиби ҳар кадоми онҳо су-ханши муаллиф меоянд, вале онҳо ба таркибёбии ҷумлаи мураккаб халал намемерасонанд.

Дар диалог омадан на ба ҳамаи ҷумлаи пайрав хос аст, лекин тарзи истеъмолӣ бештар ба ҷумлаи пайрави сабаб ман-суб мебошад ва маънои сабабии ҷумлаи пайрав равшан-тар зоҳир мегардад.

Хулосаҳо:

  1. Ҷумлаҳои пайрави сабаб дар таркиби ҷумлаҳои мурак-каб дар як ҳолат ҳамаи фикри дар сарҷумла гуфташударо эзоҳ медиҳанд ва ба тамоми сарҷумла мансубанд, дар ҳо-лати дигар ба яке аз аъзоҳои сарҷумла, аксар вақт ба хабари он тобеъ буда, танҳо онро эзоҳ медиҳанд.

  2. Ҷумлаи пайрави сабаб калимаҳои нисбӣ (ишорӣ)-ро эзоҳ медиҳад, маънои конкретии онҳоро мекушояд. Ин гу-на хусусияти ҷумлаи пайрави сабаб барои таснифоти ҷумла-ҳои мураккаби тобеъ бо пайвандаки «ки» ёрӣ мерасонад.

  3. Ҷумлаҳои пайрави сабаб, ки зарурияти воқеъ гарди-дани амали сарҷумларо нишон медиҳанд, дар забони ада-бии тоҷик фаровон истеъмол меёбанд. Дар ин хел ҷумлаҳои мураккаб хабари сарҷумла бештар бо сиғаи амрӣ ва ха-бари ҷумлаи пайрав бо сиғаи хабарӣ ифода меёбад, сар-чумла шуда омадани ҷумлаҳои бешахс низ ба ин хели ҷум-лаҳои мураккаби тобеъ характернок аст.

  4. Ҷумлаҳои пайрави сабаб ҳолати воқеъ гардидани амали сарҷумларо ҳам ба таври умумӣ ва ҳам ба таври конкрет эзоҳ медиҳанд. Дар таркиби сарҷумлаи ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, ки дар онҳо ҷумлаи пайрави сабаб ҳола-ти воқеъ гардидани амали сарҷумларо ба таври умумӣ эзоҳ медиҳад, омадани аъзоҳои пайрави ҳол шарт нест, аммо дар таркиби сарҷумлае, ки ҷумлаи пайрав ҳолати воқеъ гарди-дани амали онро ба таври конкрет нишон медиҳад, омадани аъзоҳои пайрави ҳол шарт аст ва ҷумлаи пайрав амали сар-чумларо ба туфайли он эзоҳ медиҳад.

  5. Ҷумлаҳои пайрави сабабе низ ҳастанд, ки ҳам ҳолати воқеъ гардидани амали сарҷумларо эзоҳ медиҳанд ва ҳам хусусияти пуркунандагӣ доранд. Ин ҳолат аз он сабаб ба амал меояд, ки хабарҳои эзоҳталаби сарҷумла хусусияти вобастакунӣ низ доранд ва ба онҳо на танҳо ҳол, балки пуркунандаҳои бавосита ҳам вобаста шуда меоянд.

  6. Гурӯҳи алоҳидаи ҷумлаҳои пайрави сабаб барои исботи фикри дар сарҷумла гуфташуда истеъмол меёбанд.

пешина
аз 109
навбатӣ