Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

—Чаро? — Хӯҷаназар пурсид.
Зеро ки ин кас ба колхоз аз шумо зиёдтар чиз додаанд (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 495).
— Агар биёянд ҳам, аз онҳо ба мо намерасад.
— Чаро?
— Район муҳоҷиронро ба ҳамон колхозҳое мефиристанад, ки онҳоро аз хона—ҷой ва дигар шароити зиндагонӣ ба хубӣ таъмин карда тавонанд (С. У., Навобод, саҳ. 177).

Баъзан худи сарҷумла ҷумлаи саволӣ буда, дар байни сарҷумла ва ҷумлаи пайрав ҷонишинҳои саволӣ ба тарзи алоҳида намеоянд. Мисол:
Аз Афандӣ пурсидаанд:
— Чаро шабҳои зимистон ба масҷид намеравед?
Гуфтааст:
— Хезум надорам, шабҳо оташи дӯзахро дар хоб дида гарм мешавам («Хорпуштак», 1963, № 2).
— Таксир, чаро ин конфетҳо даҳони маро ширин намекунанд?
— Чунки ҳазратам нахоида фурӯ бурда истодаанд («Хорпуштак», 1963, № 2).

Баъзан ба сарҷумла ҷонишини саволӣ ҳамроҳ карда, сарҷумла ба тарзи саволӣ аз нав такрор карда мешавад:
— Хайр, чиба пули шумо дигар будаасту пули мо дигар?
— Чунки мо, Ҳасанҷон, меҳнат карда пул меёбему шумо ҳамту... миёнатона дард накунонда пул кор мекунед (П. Толис, Тобистон, саҳ. 100).

Ҷои ҷумлаи пайрави сабаб дар диалогҳо қатъӣ мебошад, вай ҳамеша пас аз сарҷумла меояд:
— Пешакӣ гуфта монам, ки, ҷӯра, дар он ҷо кор хӯрчинтар...
Онҳо, хусусан Юнусако, туро хелекак ташвиш медиҳад.
— Барои чӣ?
— Вай одами гарданшах аст, ба болои ин саҳл ҳавобаландӣ ҳам дорад (С. У., Навобод, саҳ. 26).
— Пӯлодҷон, ман ба шумо нагуфтам, ки ба фирқа даромадам?
— Не, чаро панавиштӣ?
— Чунки фақат рӯзи гузашта аз бюро гузаштам (Р. Ч.,
Од. ҷов. қ. II, саҳ. 14).
— Чаро қабул кардан мумкин нест, гуфт ба вай Ҳамдам-
Фӯрма, ки рангаш қадре парида буд.
— Барои ин ки,—гуфт раиси шӯрои ҳосилот—замин ҳамвор нашудааст (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 537).

пешина
аз 109
навбатӣ