Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
Вақте ки сухан дар бораи алоқаи зичи ҷумлаҳои мураккаби сабаб-натиҷа меравад, алоқаи ҷудонашавандагии қонуну тафаккур ва дар ҷумла инъикос гардидани диалектикии ҳаёт равшантар тасаввур карда мешавад. Яке аз олимоне, ки ба масъалаи ҷумлаҳои мураккаб бештар аҳамият дода, онҳоро дар ягонагии маъноӣ ва сохти грамматикиашон дида, вобаста ба қонунҳои диалектикӣ ҳал намудаанд, Н. С. Поспелов мебошад. Вай ба таълимоти классикони марксизм-ленинизм такя намуда, алоқаи сабабу натиҷаро дар ягонагӣ мебинад, ки яке бе дигаре вуҷуд надорад. 10
Баъзе хусусиятҳои фарқкунанда ва тарзи дар ҷумлаҳои мураккаби сертаркиба омадани ҷумлаи пайрави сабабро ба ҳисоб гирифта, муфассалтар дидани онро дар боби алоқада лозим донистем.
ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ САБАБ ДАР ДИАЛОГҲО
Айнан истеъмол ёфтани ҷумлаи пайрави сабаб, аз як тараф, ба воситаи пайвандаки муштараквазифаи гуфта имконпазир гардад, аз тарафи дигар, бевосита аз забони гӯяндаи сухан овардани он муяссар мешавад. Дар диалог ҷумлаи пайрави сабаб бештар бо ниятҳои услубӣ истеъмол меёбад.
Дар диалог ҷумлаи пайрави сабаб ҳам пайвандакдор ва ҳам бепайвандак мешавад. Маънии сабабии ҷумлаи пайрави сабаб дар диалогҳо хеле барҷаста намудор мешавад, чунки дар байни сарҷумла ва ҷумлаи пайрави сабаб аксар вақт саволҳои чаро?, барои чӣ?, аз чӣ сабаб? ва ғайраҳо низ меоянд. Мисол:
— Шодигул, агар шумо ба ман гӯед, ки «саратро деҳ» медиҳам, лекин ман ҳозир ин тариқа рафтор карда наметавонам, — андӯҳгинона гуфт вай дар охир.
— Барои чӣ? — боз бо ҳаяҷон рӯ ба Нуралӣ кард Шодигул.
— Чунки дар он вақт бисёр касон аз мо рӯй мегардонд, — гуфт Нуралӣ. (С. У., Навобод, саҳ. 212).
— Акнун лозим меояд, ки ин кас аз шумо зиёдтар ҳақ гиранд-дия, — гуфт ҷавони якдаста, ки аз тарафи бой Йӯлдошев хитоб ёфта буд, пичингомезона ба бой.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё