Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
сари онро тумани сафеди ширмопанд пӯшонда буд, биноба ин таги дара дида намешуд: гумон мекардед, ки дара бе таг аст (С. У., Навобод, саҳ. 346).
Таркибҳои тини бинобар ин аксар дар ҷумлаҳои мураккаби бепайвандак меоянд. Аммо ин таркибҳо баъзан дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби а) тобеи пайвандакдор ва б) пайвасти пайвандакдор низ кор фармуда шудаанд, ки ин ҳолат пайвандак набудани онҳоро низ далолат мекунад:
а) Азбаски раис бо мо сӯҳбат мекард, бинобар он аз радио бехабар буд (Ҷ. И., Ҳикоя ва очеркҳо, саҳ. 135).
Вақтҳои аввал Сайфулло маро озор медод, аммо азбаски зеҳнаш кундтар буда, сабақҳояшро ба хубӣ аз ёд карда наметавонист ва ба ёрӣ ман мӯҳтоҷ буд, бинобар ин рафта-рафта алоқаи ӯ бо ман беҳтар шуд (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 232).—Саломат бошед, оймуллоҷон, бисёр хӯрдам,— гуфт Муҳаррами Гарҷ, ҳар чанд ки ба ғайр аз андак руста дигар чизе ба даҳон накарда буд ва азбаски донист, оймулло кӣ будани он духтари нағзро гуфтан намехоҳад ва ҳоло мақсади ӯ низ духтар кофтан набуда худи оймуллост, бинобар он суханро ба сӯи дигар тофт (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 309). Вале ба сабаби он ки овозҳои алоҳидаи нутқ барои фарқи маъногии калимаҳо хизмат мекунанд ва баъзе овозҳои алоҳида маънои мустақил дошта метавонад, бинобар ин нутқи мо бо овозҳои алоҳида ҷудо мешавад гуфтан мумкин аст (Грамматикаи забони тоҷикӣ, қ. 1, барои мактабҳои олӣ, 1956, саҳ. 7).
Азбаски таркиби лексикии гирдовардан С. Айнӣ хеле гуногун аст, бинобар ин принцип ва усули шарҳдиҳии калимаҳо аз тарафи муаллиф ҳам гуногун аст (С. Ҳалимов.
С. Айнӣ—лексикограф, Душанбе, 1964, саҳ. 57).
б) Мо ҳанӯз меҳнат накардаем ва барои ҳамин ҳам коре нашуд (Ҷ. И., Шодӣ, саҳ. 75).
Нашри газетаи «Тарҷимон» бо шарти ба забони русӣ тарҷима карда баровардани чизҳое, ки ба забони тоторӣ нашр мекунад, рухсат гирифта будааст ва бинобар ин номи газетаи худро «Тарҷимон» монда будааст (С. А., Кул., ч. 1, 52). Ин таркибҳо аъзои пайрави ҳоли сабабанд.
Яке аз хусусиятҳои асосии ҷумлаҳои мураккаби тобеи сабаб-натиҷа дар мустаҳкамии ҷои онҳост. Ҳиссаи якуми ин тип ҷумлаҳо сабаб буда, ҳиссаи дуввум натиҷаи он аст.
Ҷойҳои онҳо ивазнашаванда буда, ҳар ду ҳисса ба ҳам дар алоқаи зичи грамматикӣ ва диалектикӣ мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё