Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Литоски онҳо (кулакҳо — Р. Ш.) ҳаракати колхозро болдошта натавонистанд, дар роҳи зараррасондагӣ даромада киштзорҳои колхозро сӯхтан ва дору дода ҳайвоноти колхозро ҳам дам кунонда куштанд (С. Л., Кул., ҷ. III, сах. 478).

Ба реалӣ будани ҷумлаи пайрави сабаб дар ин тип ҷумлаҳои мураккаб ҳеҷ ҷон баҳс нест. Аммо реалӣ ва ё ғайриреалӣ будани натиҷаи он — сарҷумла ба замонҳои амали он вобаста аст. Дар ҳамаи ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, ки мо дар боло дидем, сарҷумла ҳамчун натиҷаи реалии ҷумлаи пайрав ба амал омадааст. Аммо агар амали сарҷумла замони ояндаро далолат кунад, сарҷумла ҳамчун натиҷаи реали тасаввур карда намешавад, ба амал омадан ва ё наомадани чунин натиҷа эҳтимол аст.

Ҷумлаҳои мураккаби сабаб-натиҷа, ки дар таркиби ҳиссаи натиҷавиашон таркибҳои бинобар ин, бинобар он, бинобар ҳамон омадаанд, хусусияти пайвастии худро барҷаста ва тобеияташонро то як андоза нигоҳ доштаанд. Мисол: Ҳошим Корвон ҳам пеш аз ин дар маҷлисҳои калон сухан наронда буд, бинобар ин одамҳо аз чӣ гуфтани вай дида ба чӣ гуна гап задани вай бештар аҳамият медоданд.
(С. У., Навобод, сах. 295).

Дар китобҳои дарсӣ ва корҳои илмии ҷудогона таркибҳои бинобар ин, бинобар он, бинобар ҳамин ба қатори пайвандакҳои тобеъкунандаи сабабӣ дохил карда шудаанд. Дуруст аст, ки барои ба ҳам алоқаманд шудани ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаб таркибҳои мазкур роли муайян доранд, вале ин роли онҳо ба дараҷаи вазифаи пайвандак намеистад. Яке аз вазифаҳои ба пайвандакҳои хоси сабабӣ наздик будани ин таркибҳо дар он аст, ки онҳо дар нишон додани муносибати ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаби тобеи сабаб-натиҷа роли калон доранд.

Лутфия духтари боаклу хуш аст, ба клуби занон рафтуой дорад ва туро дӯст медорад, бинобар он ҳеҷ гоҳ розӣ намешавад, ки ба Аҳрорхоҷа расад (Ҷ. И., Тори анкабут, сах. 103).

Пайвандак набудани таркибҳои бинобар ин ва амсоли
он боз аз он ҷо равшан аст, ки онҳо дар таркиби ҷумлаи
пайрав не, балки дар байни ҳар ду ҳиссаи ҷумлаи мураккаб меоянд:—Занакро дар хонаи дудара ҳабс карда, аммо
кулф задани дари дигарро фаромӯш кардаанд, бинобар ин
гурехта рафтааст (С. А., Кул., ҷ. II, сах. 362). Вай тезкор
ва меҳнатӣ буд, бинобар ин як ҳафта нагузашта девони
Ҳофиз мисли аз нав навишташуда оро ёфт ва ба савдогари
афғон супурда шуд (Ҷ. И., Тори анкабут, саҳ. 76). Сар то

пешина
аз 109
навбатӣ