Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

дода шуда бошанд ҳам, оид ба ҷумлаҳои мураккаби тобеи сабаб-натиҷа дар ягон сарчашмаи илмӣ оид ба забоншиносии тоҷик чизе гуфта нашудааст.

Ҷумлаҳои мураккаби тобеи сабаб-натиҷа дар забони адабии тоҷик мавқеи намоёне доранд. Хусусияти асосӣ ва фарқкунандаи ин гурӯҳ ҷумлаҳо дар он аст, ки дар қисми якуми ин гуна ҷумлаҳо сабабе ифода меёбад, ки қисми дуюми ҷумлаи мураккаб натиҷаи он ба ҳисоб меравад. Мисол: Ман ки ҳисоби абҷадро ёд гирифтагӣ будам, ин гапҳои падарамро ба зудӣ ва осонӣ фаҳмидам ва ҳам ҳисоб карда дида, дар амал дуруст будани он қавлро донистам (С. А., Кул., ҷ. І саҳ. 13).

Чи хеле ки аз ин мисол равшан мегардад, сарҷумлаи ин тип ҷумлаҳои мураккаб натиҷаи бевоситаи ҷумлаи пайрав мебошад. Масалан, ман ин гапҳои падарамро ба зудӣ ва осонӣ фаҳмидам ва ҳам ҳисоб карда дида дар амал дуруст будани он қавлро донистам натиҷаи ҷумлаи пайрав — ҳисоби абҷадро ёд гирифта будам мебошад.

Дар ин тип ҷумлаҳо амали ҷумлаи пайрав аксар вақт пеш аз амали сарҷумла воқеъ мегардад.

Ман, ки аз аввалин автомобилсавории худ хеле дилшод будам, дар он қарибӣ истода нигоҳ кардани Ҳамдамҷаро надидам (Ҷ. II., Тори анкабут, саҳ. 64).

Дуруст аст, ки амали аксари чунин ҷумлаҳо, чи сарҷумла ва чи ҷумлаи пайрав, замони гузаштаро нишон медиҳад, аммо шаклҳои феълӣ ва дар хабарҳои номӣ феълҳои ёридиҳанда пеш аз амали сарҷумла воқеъ гардидани амали ҷумлаи пайравро далолат мекунад. Мисол: Азбаски ин кор вазнин буд, ба тахтапушташ кашондани тойҳои ҳаштпудии пахта пари кох барин сабук ва қулайтар намуд (Ҳ. Ирфон, Ду ёр аз ду диёр, саҳ. 12).

Дар ин ҷумлаи мураккаби тобеъ амали ҳар ду ҷумла: ҳам пайрав ва ҳам сарҷумла замони гузаштаро нишон медиҳад, аммо пеш аз амали сарҷумла воқеъ гардидани амали ҷумлаи пайрав равшан маълум аст, онро на танҳо аз мазмуни онҳо, балки худи феълҳои ёридиҳанда низ нишон медиҳанд. Феъли ёридиҳандаи буд дар ҷумлаи пайрав замони гузаштаи дур ва феъли ёридиҳандаи намуд гузаштаи наздикро далолат мекунад.

Баъзан амали ҳар ду ҳиссаи ҷумлаи мураккаби тобеи сабаб-натиҷа дар як замону як шакли феълӣ ифода меёбад, аммо мазмуни онҳо ба пеш аз амали сарҷумла омадани амали ҷумлаи пайрав далолат мекунад:

пешина
аз 109
навбатӣ