Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
в) калимаҳои модалӣ зарурияти воқеъ гардидани амали сарҷумларо дар асоси ҷумлаи пайрав таъин мекунанд:
Модоме ки ҳоло маълумот дода шуд, бояд вай акнун амал кунад (Ҷ. И., Ман гунаҳгорам, саҳ. 189).
Ман охир аз ин шаҳр бояд гурезам,
Ки мардум ба танг омаданд аз фиғонам
(Лоҳутӣ).
Калимаҳои модалӣ, туфайлии ва ҷонишинҳои саволӣ дар таркиби ҷумлаи пайрав низ меоянд. Дар ин гуна мавридҳо вазифаи ҷумлаи пайрав нисбат ба вазифаҳои дар боло номбурда фарқ мекунад. Ҷумлаҳои пайрави типи дар боло номбурда ҳақиқатан воқеъ гардидаанд, вале онҳо барои фикри дар сарҷумла гуфташуда далели ҳақиқӣ ба шумор намераванд, фикри хулосавии дар асоси ҷумлаи пайрав баровардаи сарҷумла раднашаванда ба ҳисоб намеравад, чунки мумкин аст, ҷумлаи пайрави сабаб дар натиҷаи дигар воқеа ба амал омада бошад, ки калимаҳои модалӣ ва дигар калимаҳои дохили сарҷумла онро далолат мекунанд. Аммо агар калимаҳои модалӣ дар таркиби ҷумлаи пайрав оянд, ҷумлаи пайрави реалии худро аз даст медиҳад ва воқеъ гардидани он шубҳанок мешавад ва вай аз далели исбот ба объекти муҳокима табдил меёбад:
Анвар ки ҳамеша, пеш аз ҳама меҳмонро худаш ба хона даъват мекард, ин дафъа чӣ шуда буд, ки ҳанӯз таклифи меҳмоннавозонаи занашро тақвият ва дастгирӣ намекард, шояд барои он ки директори мактаб аст... (Ҷ. И., Ман гунаҳгорам, саҳ. 24).
Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи ҷумлаи пайрави сабаб дар он аст, ки хабари он асосан аз шакл ва замонҳои гуногуни сиғаи хабарӣ ифода мегардад. Маҳз аз ҳамин сабаб аст, ки ба шакли аорист ифода гардидани дигар ҷумлаҳои пайравро В. С. Расторгуева хеле фасеҳ маънидод карда, дар бораи ҷумлаи пайрави сабаб хомӯш мемонад5, чунки танҳо ба воситаи категорияи грамматикӣ — сиға ифода кардани маъноҳои модалӣ аз доираи вазифаи ҷумлаи пайрави сабаб берун мемонад.
ҶУМЛАҲОИ МУРАККАБИ ТОБЕЪ, КИ МУНОСИБАТИ САБАБ-НАТИҶА ДОРАНД
Дар бораи ҷумлаи мураккаби пайвасти сабаб-натиҷа дар китобҳои дарсии грамматика барои мактабҳои миёна ва синтаксис барои мактабҳои олӣ маълумотҳои аввалин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё