Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
Дар забони адабии тоҷик аксари ҷумлаҳои бешахси хабарашон номӣ ба ҷумлаи пайрави сабаб зарурияте пайдо мекунанд. Ин хусусияти хабари ҷумлаҳои бешахсро номзади фанҳои филологӣ А. Эшонҷонов дар кори тадқиқотии худ низ қайд намудааст: «Агар ҷумлаи бешахс танҳо аз таркибҳои устувори зарфҳои хабарӣ иборат бошанд, дар ин ҳолат ҳамон хабари номии ҷумла одатан эзоҳталаб мебошад ва пас аз худ ҷумлаи пайрави пуркунанда ва мақсаду сабабро талаб мекунад, ки шарт ва зарурияти ин гуна ҷумлаҳои пайрав ба эзоҳталабии хабари номии ҷумлаи бешахс, ки сарҷумла аст, вобаста мебошад».4
Аммо муаллиф барои тасдиқи муддао танҳо се мисол овардааст, ки яке ба пуркунандаю дутои дигараш ба пайрави мубтадо тааллуқ дорад. Барои дигар намудҳои ҷумлаи пайрав, аз он ҷумла барои пайрави сабаб, мисоле оварда нашудааст, ҳол он ки таносуби истеъмолии ҷумлаҳои пайрави сабаб барои эзоҳи ҷумлаҳои бешахс, ки хабари номии онҳо зарурияти ҷумлаи пайравро таъкид мекунад, нисбат ба дигар ҷумлаҳои пайрав зиёдтар аст. Мисол:... аз худи пагоҳӣ фардо ба кор сар кардан лозим мешавад, зеро инженер худи пагоҳ дар қишлоқ мешавад (Ҷ. И., Шодӣ, саҳ. 370).
Хабари ҷумлаҳои бешахс баъзан бо феъли модали боистан омада, зарурияти эзоҳи онҳоро равшантар мегардонад:
Дар ҳама кор машварат бояд,
Кори бемашварат наку наояд.
(Зарбулмасал)
Аммо ҳамаи хабарҳои эзоҳталаби бо калимаи боистан омадаро бешахс пиндоштан ғалат аст, чунки ин калима дар таркиби ҷумлаҳои дутаркиба низ омада метавонад:
Ту бояд аз вай миннатдор бошӣ, ки туро дар сари вақт огоҳонидааст, набошад ҳосилат паст шуда, меҳнатҳои кардагиат бекор равад ҳам, аҷаб нест. Вай мебоист худи ҳамон шаб ба тарафи дарвозаи Шайхҷалоли Бухоро равад, зеро ки дар он сӯи қалъа дар ду-се қишлоқи аз ҳад зиёд ҷабрдида мардум ба шӯриш ва низоъ омода шуда буданд ва мехостанд, ки ба сар шудани ҷанг аз тарафи Когон онҳо аз қафо ба душман ҳуҷум кунанд.
Ҷумлаҳои пайрави сабаб, ки зарурияти воқеъ гардидани амали сарҷумларо маънидод мекунанд, бештар пас аз сарҷумла меоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё