Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Тритикале нисбати зерихок кунии тухмиҳояш бисёр ҳассос аст. Дар шароити мўътадили намнокии хок ва нағз тайёр кардани он 5-6 см чуқури басанда аст.
НИГОҲУБИНИ КИШТЗОР. Нигоҳубини киштзор чора-биниҳои зеринро дар бар мегирад: ғизодиҳӣ, муборизаи зидди алафҳои бегона, касалиҳо, ҳашаротҳои зараррасон ва аз сармо ҳифзкунӣ. Дар давраи нашъунамои тритикале намнокии хок бояд 70-75% аз НК бошад. Барои нигоҳ доштани ин миқдор намнокӣ вобаста ба шароити иқлимию минтақавии минтақаҳо киштзорҳоро 3-5 маротиба бо меъёри 650-750 м3/га об мемонанд.
ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. Ҷамъоварии ҳосил дар мўҳлатҳои мувофиқ яке аз омилҳои асосии камшавии талафоти дон аст. Ҳосили тритикалеро бо комбайнҳои ғалладарав бо усули дарави яклухт ҳангоми пурра расидани дон меғундоранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё