Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

ИСТИФОДАИ НУРИҲО. Тритикале ба нуриҳо бисёр эҳтиёҷ дошта, тартиби ғизогириаш аз гандум кам фарқ мекунад. Меъёри нуриҳоро барои гирифтани ҳосили иловагӣ бояд бо назардошти хусусиятҳои навъ ва ҳосилхезии хок муайян кард. Барои пайдо шудани 1 сентнер дони тритикале бо пояаш он аз хок 2,5-4 кг нитроген, 1,2-1,4 фосфор ва 2-2,6 кг калий мегирад.
Дар сурати бой будани хок аз калий зарурати истифодаи он аз байн меравад. Ҳангоми истифодаи меъёрҳои ҳисобкардашудаи нуриҳо барои гирифтани ҳосили баланди тарҳрезшуда дар заминҳои обӣ трити-кале метавонад зиёда аз 70с/га дон диҳад.
Барои гирифтани ҳосили 40-50 с/га дон дар хокҳои хокистарранги обӣ зарур аст, ки 120-150 кг/га (м.т.) нит-роген истифода шаванд. Дар ҳолати парвириш кардани тритикале дар хокҳои серҳосили хокистарранги марғзорӣ меъёри нуриҳои нитрогенӣ 30-40% кам карда мешаванд.
Меъёри нуриҳои фосфориро барои тритикале аз рўи нишондодҳои харитаи хок ва миқдори фосфори ҳара-каткунанда ворид карда мешавад.
Дар хокҳои камғизое, ки ба гурўҳи якум мансубанду 0-15 мг/кг фосфор доранд-90-120 кг/га, ҳангоми доштани15-30 мг/кг - 0-90 кг/га ва 30-40 мг/га 30-60 кг/га (м.т.) фосфор пошида мешавад.
Дар заминҳои лалмии аз бориш таъмин дар ҳар як гектар 60 кг нитроген ва 60 кг фосфорро истифода мебаранд.
КИШТ. Кишти тритикале дар заминҳои обӣ моҳи октябру ноябр гузаронида мешавад. Растаниҳои дар октябр кошта шуда, омилҳои табии тирамоҳиро сама-ранок истифода бурда, нағз реша меронанд. Дар буғуми панҷазаниашон миқдори зиёди қандҳоро захира карда, зимистонро хуб мегузаронанд. Дар заминҳои лалмӣ тритикале барвақттарсентябру октябр кошта мешавад. Дар водиҳо кишти зимистонии тритикале низ ба мақсад мувофиқ аст.
Тритикале бо усулҳои яклухт, қаторӣ ва борикқатор кошта мешавад.
Меъёри тухмии барои кишт муқар-раршуда аз рўи панҷазании маҳсулнок, миқдори муво-фиқи пояҳо (дар ҳудуди 3-4 млн/га тухми қобили нешзани дошта) муайян мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ