Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Меъёрҳои беҳтарини нуриҳо қобилияти зимистонгузарони растанӣ, ҳосилнокӣ ва сифати дони онро баланд мекунанд. Бисёр муҳим аст, ки нуриҳои минералӣ қисм - қисм дар асоси ташхиси хоку растаниҳо бо мақсади баробар таъмин намудани растаниҳо бо моддаҳои ғизоӣ дар тамоми давраи нашъунамо ва махсусан дар давраҳои хатарноки инкишоф (панҷазанӣ, пайдоиши узвҳои ҷинсӣ истифода бурда шаванд.
Барои пайдо шудани 1 кг дон ва миқдори мутаносиби баргу пояи ҷав аз хок 2,5-3,0 кг нитроген, 1,1 –1,7 кг фосфор ва 1,8–2,4 кг калий берун мешавад.
Пас аз зироатҳои лўбиёгӣ ва коштани навъҳои ба хобидан моил меъёри нуриҳои минералии нитрогенӣ мутаносибан кам карда мешавад. Дар киштҳое, ки ҷав барои истеҳсоли пиво истифода бурда мешаванд, меъёри ба кор бурдани нуриҳои нитрогенӣ бояд баланд набошад.
Барои заминҳои лалмӣ меъёри миёнаи солонаи нит-роген 60-70 кг/га, фосфор 50-60 кг/га (м.т.) муайян карда шудааст. Дар заминҳои обӣ ин меъёрҳо зиёд карда мешаванд: нитроген 90-110 кг/га фосфор 70-80 кг/га (м.т.). Дар назар бояд дошт, ки нуриҳои барои зироатҳои пешкишта истифодашуда ба ҳосили ҷав таъсир мерасонанд.
Дар киштҳои тирамоҳии ҷав нуриҳои маҳаллӣ, фос-форӣ ва калийгӣ пеш аз коркарди асосии хок ва дар киштҳои баҳорӣ пеш аз шудгор таги хок карда мешаванд.
Нуриҳои нитрогениро дар ҳолати зарурат бо вояи кам (25-30 кг/га) пеш аз шудгор (агар обҳои зеризаминӣ чуқур ҷойгир шуда бошанд) ва боқимондаашонро ҳамчун ғизо дар давраҳои панҷазанӣ ва найчабандӣ бо миқдори баробар мепошанд.
Аз рўи таҷрибаҳое, ки дар заминҳои обии водии Ҳисор гузаронида шудаанд, маълум гашт, ки меъёрҳои ҳисоб кардашудаи N140P90 барои гирифтани 60 с/га имконият медиҳад, ки 50-52 с/га дон гирифта шавад. Барои пошидани нуриҳо олотҳои РОУ-6, АУМ-6 ва нурипошакҳоро истифода мебаранд.

пешина
аз 314
навбатӣ