Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Хок аз рўи ҳосилхезиаш дар қитъа якхела шавад, ин худ алафҳои бегона, ҳашаротҳои зараровар ва барангезандагони касалиҳоро нест карда, ба хок хусусиятҳои беҳтарини физикию кимиёвӣ мебахшад. Дар усули шадид барои кам кардани бодлесии хок ва истифодаи агрегатҳои якҷоя васлкардашудаю кам кардани миқдори коркарди хок аҳамияти калон дода мешавад. Барои парвариши ҷави баҳорӣ дар чуқурии 26-30 см бо испорҳои ПН-З-35, ПЯ-3-35 шудгори тирамоҳӣ мегузаронанд. Аввали баҳор шудгор сихмола шуда, пеш аз кишт ба воситаи нармкунак ва сихмола коркард гузаронида, дарҳол ба кишт сар мекунанд.
Ҳангоми коштани ҷави тирамоҳӣ дар заминҳои дамдодашудаи банд пас аз ғунучини ҳосили зироати бандкунанда шудгор ва сихмола мегузаронанд. Дар хоҷагиҳои пешқадами ғаллакорӣ барои коркарди хок агрегатҳои якҷоякардашуда (АКП-5, АКП-2,5) ё нармкунандаи васеъбари ҳамворбуранда (КПШ-9) истифода бурда мешавад. Дар сурати пас аз гандуми даравидашуда коштани ҷав қитъа дарҳол шудгор карда мешавад. Пеш аз шудгор кардани заминҳои обии хушк аввал ба он оби захиравӣ намибахш медиҳанд. Пеш аз кишти ҷав вобаста ба ҳолати хок бо воситаи чархмолаҳо дар чуқурии 8-10 см бо истифодаи сихмолаҳо коркард гузаронида мешавад.
Пас аз бардоштани ҳосили зироатҳои байни қаторашон коркардшаванда барои тайёр намудани замин ба кишти оянда аз чархмолаҳои вазнин (БДТ-3, БДТ-7) ё нармкунакҳо истифода бурда, онро дар чуқурии 8-
12 см бо истифодаи сихмолаҳо нарм мекунанд. Дар киштзори заминҳои нишеб барои кам кардани таъсири обшўии хок дар самти кундаланги он шудгор гузаронида мешавад.
ИСТИФОДАИ НУРИҲО. Ҷав ба нуриҳои минералӣ талаботи калон дорад. Ҳосили тарҳрезишудаи он дар сурати истифодаи нуриҳои NPK, ки аз рўи ҳосил бо назардошти зироати пешкишта, ҳосилхезии хок, хусуси-ятҳои навъи кошташаванда муайян карда шудааст, ба даст оварда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё