Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Навъи гандуми мексикоии кўтоҳпоя ва интенсиви Сете-Серрос -66 бо пояи устувор хобнараванда ва гени дукаратаи кўтоҳқад, дурагаҳои ҷуворимаккаи селексияи Югославӣ, бахусус бо баргҳои ба тарзи амудӣ ҷойгирифта намунаи хуби маҳсулнокии баланд ва устуворанд.
Реаксияи навъҳои зироатҳои саҳроӣ ба омилҳои ҳаётӣ-рўшноӣ, гармӣ, об, моддаҳои ғизоӣ ва агротехника гуногун аст.
Онҳо бо меъёри кишти тухмӣ ва зичии растаниҳо дар киштзор, мўҳлати кишт, хобравӣ ва тазйиқёбӣ аз ҷониби алафҳои бегона, талабот ба обёрӣ ва нуриҳо фарқ мекунанд. Аз ин рў дар баланд бардоштани ҳосилнокӣ моҳияти хело ҳам муҳимро коркард ва татбиқи агротехникаи навъӣ бо назардошти махсусияти ҳар як навъ, талаботи биологӣ ва агротехники навъҳои парваришёбанда нисбат ба шароитҳои мушаххаси хоку иқлимӣ соҳиб мебошанд.
МЎҲЛАТҲОИ КИШТИ ЗИРОАТҲО. Мўҳлатҳои кишт-усули муҳими агротехникие ба ҳисоб меравад, ки аз он ба даст овардани майсаҳои якхеллаю солим, муҳайё намудани зичии қарордошти тақозошавандаи растаниҳо, дараҷаи аз ҷониби растаниҳо истифода бурдани омилҳои ҳаёти ва бар асари ҳамаи ин дараҷаи ҳосилнокӣ вобастагӣ дорад.
Дар мавриди дер кардани мўҳлати кишт шароитҳо барои инкишофёбии растаниҳо якбора бад гашта, давраҳои бўҳронии нашъунамои онҳо ба хушки ҳаво ва ҳарорати баланд мутобиқ омада, расиши ҳосил боздошта мешавад, ки дар киштзорҳои лалмӣ бошад аз сабаби нарасидани намӣ инкишофи зироатҳо боз дошта шуда, бар асари ин ҳосилнокӣ якбора паст мегардад. Ба ғайр аз ин дар мавриди дер намудани мўҳлати кишт барои паҳн гаштани алафҳои бегона шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешавад. Дар киштзори дер зироатҳои ғалладонагӣ инкишофи системаи пурқуввати решагӣ, гузариши ҷараёни обутобёбӣ, ғун кардани захираи карбогидратҳоро барои зимистон муваффақ намегарданд ва зери шароитҳои бади зимистонӣ киштзорҳо сирак мегарданд.

пешина
аз 314
навбатӣ