Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Рушной дар ҳаёти растаниҳо аҳамияти калон дорад. Ҳангоми рушной дар растаниҳо процессии фотосинтез мегузарад. Ҳангоми нарасидани рушнои тараққиёти растаниҳо дигаргун мегардад. Навдаҳои онҳо борик, дароз ва суст мешавад. Норасидани рушнои дар киштзори гандум бо камшавии сафеда, дар киштзори лаблабуи қанд ба камшавии қанд оварда мерасонад.
Дар шароити саҳро идоракунии нури офтоб ин дуруст ҷойгир намудани растаниҳо дар майдони ғизои бо роҳи меъёри кишт, зиччии ниҳолҳо, сари вақт нобуд кардани алафҳои бегона, яне ҳамдигарро соя накардани зироатҳо. Ҷойгир намудани ҷуяки растаниҳо аз шимол бо ҷануб.
Дар гармхонаҳо бошад ба воситаи шиша, плёнка. Ҳоло як корҳои комплекси оиди нағз (гузаронидани) азхудкунии нури офтоб гузаронида шудааст. Дар он хусусиятҳо , тақсимот ва нағз истифодабарии нурҳо ва бо ҳисоби дурусти зироатҳои агроиқлимй ва ғайраҳо.
НАҚШИ НАВҲО ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ
ҲОСИЛНОКӢ ВА АГРОТЕХНИКИ НАВЪӢ
Нақши навъҳои сермаҳсули зироатҳо дар баланд бардошатни ҳосилнокӣ ба тариқи санҷиши ва дар таҷрибаи пешқадамон ба исбот расонда шудааст.
Навъҳои парваришёбанда бояд маҳсулнокӣ ва сифати баланди маҳсулот, тезпазӣ, устувори нисбат ба касалиҳо зараррасонҳо ва хобравӣ, баромади максималии маҳсулотро соҳиб бошанд.
Дар худи ҳамон як шароити хоку иқлими ва агротехникӣ, ҳосилнокии навъҳои гуногун моҳиятан фарқ мекунанд ва дар бештари мавридҳо фарқияти ҳосилнокии иловагӣ 30-40%-ро ташкил медиҳад. Аз ин ру интихоб ва парвариши наъҳо бо қобилияти баланди фотосинтетики ва маҳсулноки, ки ба шароитҳои хоку иқлимии маҳал мутобиқ гардонда шудаанд, яке аз захираҳои асосии баланд бардоштани маҳсулнокии киштзор ба ҳисоб меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё