Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар мавриди мўҳлатҳои кишти барвақтии зироатҳо дар хоки хунук ва ифлос тухмиҳо мепўсанд, майсаҳо аз хунуки осеб мебинанд, қобилияти сабзиши саҳроии тухмиҳо ва маҳсулнокии растаниҳо паст мераванд.
Аз ин чунин бар меояд, ки ҳам кишти аз мўҳлат барвақт ва ҳам дер кардани он боиси сирак ва паст рафтани маҳсулнокии киштзорҳо мегардад.
Вазифаи мутахассис аз гузаронидани кишти зироатҳо дар мўлатҳои мусоид назардошти хусусиятҳои биологии ҳар як зироат, навъ, шароитҳои хоку иқлимии минтақаҳо ва хоҷагиҳои мушаххас иборат мебошад. Дар ин маврид нишондоди муҳимтарини муайян намудани мўҳлатҳои кишт фарорасии ҳарорати мусоид дар чуқурии қарордошти тухмиҳо дар хок барои зироати мушаххас, ки сабзиши саросарӣ ва солими майсаҳоро таъмин месозад, ба ҳисоб меравад.
Аз рўи мўҳлати кишт зироатҳо ба гурўҳҳои зерин тақсим мешаванд:
ЗИРОАТҲОИ КИШТАШОН БАҲОРИИ БАРВАҚТӢ, ки барои сабзиш дар чуқурии қарордошти тухмӣ аз 4-5 то 6-70 С – ро талаб мекунанд (масалан, зироатҳои хўшадор-гандум, ҷав, сулӣ ва зироатҳои барвақтии лубиёги наск, мушунг аз зироатҳои равғандор -зағир ва амсоли ин); ЗИРОАТҲОИ КИШТАШОН БАҲОРИ ДЕР, ки тухмашон дар мавриди фарорасии ҳарорати устувор дар чуқурии қарордошти тухмӣ дар хок на поёнтар аз 10 – 120 С аст, месабзанд ба мисли ҷуворимакка, ҷуворӣ, лўбиё, лўбиёи чинӣ ва ғайра, барои шолӣ бошад, на поёнтар аз 140 С.
Ба назардошти фарорасии ҳарорати мусоид дар хок барои сабзиши тухмии зироатҳои парваришёбанда дар дар ҳар минтақа ва хоҷагӣ нақшаи тақвими маъракаи гузаронидани кишт тартиб дода мешавад.
ЗИРОАТҲОИ ТИРАМОҲӢ -ки тирамоҳ вобаста аз минтақа дар моҳҳои сентябр, октябр кишт мекунанд (дер дар води Вахш, барвақт дар қисмати Шимоли ҷумҳурӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё