Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Андохтани нуриҳои органики;
Зери хок намудани тухмӣ ҳангоми кишт ба чуқури муносиб ва гузаронидани кишт дар муҳлати барвақти мусоид; Риоя намудани реҷаи оббёрӣ, истифода намудани обёрии захиравӣ; Нигоҳубини саривақти бо сифати киштзор дар давраи нашъунамои растаниҳо.

ХОБРАВИИ РАСТАНИҲО ВА ТАДБИРҲОИ
ПЕШГИРИКУНАНДАИ ОН

Хобравии решаги ва поягии растаниҳоро фарқ мекунанд.
Сабабҳои хобравии растаниҳо аз инҳо иборат мебошад: меъёри баланди кишти тухмӣ; анбўҳии киштзор (зич) ва бад гарштани реҷаи рўшноӣ, сатҳи нитрогенӣ зери хок нашудани тухмӣ, истифодаи меъёри зиёди нуриҳое, ки ба нашъунамои пуравҷи растаниҳо ва зиёд гаштани массаи биологии онҳо мусоидат менамоянд, аз ҳад зиёд оббери ва намнок намудан. Растаниҳо ҳамчунин дар мавриди шамолҳои сахт, ки пояи ноустувор доранд, хоб мераванд.
Бар асари хобрави шидатнокии истифода бурдаи РФФ дар киштзор ҳаст гашта, фатасинтез халадор гашта, ҳаракати карбогидратҳо бад мегардад. Хобравии растаниҳо на танҳо боиси кам гаштани ҳосил мегардад, балки ба сифати маҳсулот низ ба таври манфӣ таъсир мерасонад.
Масалан, тухми растаниҳои ғалладонаги бар асари хобрави ғайри муътадил инкишоф ёфта, бо вазни кам ва таркиби ночизи оҳар инкишоф меёбанд.

пешина
аз 314
навбатӣ