Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Мавзуъ. Саволҳои умумии растанипарварӣ (6 соат) Асосҳои агротехники зиёдкунии ба хушкитобоварии растаниҳо.Сабабҳои хобравии растаниҳо ва роҳҳои пешгирии онҳо. Баландбардории сифати маҳсулот ва техналогияи мукамал. Моддаҳои фаъоли биологи. Сахми навъ, талаботхо ба навхои навъ, агротехникаи навъ. Шароити муайянкунии мухлат, усул, меъёр вачукурии кишти тухми зироатхои сахрои. Ба таври иловаги гардолудкунии сунъии зироатхо. Асосхои биологи ва агротехники мухлат ва тарзи чамъоварии хосили зироатхо.
Асосҳои агротехники зиёдкунии ба хушкитобоварии растаниҳо.
Хушксолӣ дар солҳои алоҳида ба ҳосил зарари зиёд мерасонад.
Дараҷаи зарароварии хушксолӣ аз давомнокии он, хусусиятҳои биологии растаниҳо, навъ, устуворнокии онҳо дар муқобили хушксолӣ, талабот ба намӣ, инкишофёбии системаи решагӣ, шароитҳои экологию агротехникӣ вобастагӣ дорад. Дар натиҷаи хушксолӣ ҳосилнокӣ паст рафта, сифати ҳосил низ паст мегардад ва дон заиф ташаккул меёбад.
Дар мавриди хушксолии бардавом растаниҳо маҳв мегарданд.
Ба хушки тобоварии растаний гуфта, лаёқати растаниро меноманд, ки давраи дароз ҳуҷайраҳои он ба об танқисӣ кашида, аммо ҳосилаш бетағир мемонад.
Бо мақсади баланд бардоштани қобилияти ба хушкӣ тобоварии растаниҳо усулҳои агротехники зеринро ба кор мебаранд; Татбиқи киштгардон (хосиятҳои физики хокро беҳтар намуда, ифлосшавии майдонҳо кам карда мешавад); Ҷойгир сохтани растаниҳо баъди пешинакиштҳои беҳтарин, ба хусус пас аз алафҳои бисёрсолаи лубиёгӣ; Ба кор бурадни техналогияи наминигоҳдорандаи хок, шудгори бо сифати саривақтии қабатгардон бо мақсади ғун намудани намӣ дар хок, чархмолакуни дар баҳори барвақт пешгирӣ намудани бухоршавии намӣ.

пешина
аз 314
навбатӣ