Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Чунин тухмиҳо барои кишт номувофиқанд.
Аз ин рў ба хобравии растаниҳо ба хусус дар киштзорҳои тухмӣ, роҳ додан лозим нест барои пешгирӣ намудани хобравии растаниҳо лозим аст, ки бо меъёри муаяни кишти тухмиҳо гузаронида шуда дар чуқурии лозима зери хок намудани онҳо ҳамчунин меъёри обёрӣ ва меъёри андохтани нуриҳои нитроген таъмин карда шаванд. Дуруст ба танзим дароваридани усулҳои дар боло нишондодашуда хобравии растаниҳоро пешгирӣ менамоянд. Бо мақсади ҳифз намудани киштзорҳо аз хобравӣ дар давраи нашъунамои зироатҳои ғалладонагии гурўҳи 1 ретардантҳо, модаҳое, ки сабзиши пояи растаниҳоро боз доштаю кутоҳ мегардонанд, бо тарзи васеъ истифода мебаранд. Ба ин мақсад моддаи ТУР-ро, ки бо маҳлули он киштзорро дар охири давраи панҷазани ва ширагири коркард мекунанд, истифода мебаранд.
Баландбардории сифати маҳсулот ва техналогияи мукамал.
Вазифаи фанни растанипарварӣ ин на танҳо гирифтани маҳсулоти зиёд, балки (бо) гирифтани маҳсулоти хушсифат, ки барои он парвариш менамоем. (нок, қанд, равғани растанй, ғалла ва ғайра). Миқдори бо сифати маҳсулот аз якдигар омилҳо вобастагӣ дорад: хусусиятҳои нав, шароити иқлими хок, агротехникаи парвариш, сатҳи устувори растаниҳо бо касалиҳо во ҳашаротҳои зараррасон, вақти бо шароити ҷамъоварй инчунин тарзи ҷамъоварй.
Масалан: миқдори сафеда дар дон сифати дон ва сифати намро муайян мекунад. Муайян карда шудааст, ки дар заминҳои ҳосилхезиашон зиёд , ҳагоми зиёд будани рушноӣ ва гарми ва кам будани миқдори нами гандум дон бо вуҷуд меорад, ки сафедааш бисёр аст ва сифаташ баланд.
Ҳангоми парвариши гандум дар ҷои хунук ва намнок сафеда дар дон кам мешавад, равшанноки низ хира мегардад, ва сифати маҳсулот паст мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё