Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

НИГОҲУБИНИ КИШТҲО. Сафолаке, ки баъди кишт пайдо мешазанд, бояд то баромадани майсаҳо ба воситаи мошинаи каландкунаки даврзананда ё сихмолакҳои сабук шикаста шаванд. 3ағир дар давраи аввал суст инкишоф ёфта, рўи хокро кам соя мекунад. Ин ба алафҳои бегона имкон медиҳад, ки тез паҳн шуда, киштзорро пахш карда, ба растаниҳо таъсири манфӣ расонанд. Ба муқобили алафҳои бегонаи дупаллагӣ дар давраи нашъунамои шохазанӣ заҳрдоруи 2М-4Х намаки натрийгии 70 фоиза бо меъёри 0,9-1,4 кг/га истифода бурда мешавад ва сарфи маҳлули кори 300-400 л/га мебошад. Барои нест кардани алафи бегонаи бомус то нармкунии пешазкишти заҳрдоруи триаллат пошида мешавад.
Ба майсаҳо дар аввали рўз бо ҳисоби 20-30 кг/га нитроген мепошанд.
Зардпечакро дар сарчашмаи пайдошавиаш сўзонда, хокашро чапагардон мекунанд.
Ба муқобили касалиҳои асосӣ- фузариоз, ки ба пажмурдашавӣ ва пусиши гарданаки решаҳои растанӣ сабаб мешавад, чорабиниҳои пешгирикунандаи агротехникӣ, заҳролуд кардани тухмиҳо пеш аз кишт, ҷойгиркунии зағир дар киштгардон, татбиқи навъҳои ба касалиҳо устувор гузаронида мешавад. Сихмолакунӣ муқобилияти растаниҳоро ба касалии бактериоз меафзоёнад. Дар мубориза ба муқобили ҳашаротҳои зараррасони хоҷагии қишлоқ (кирми ғўза, кайки зағирӣ ва дигарҳо)- БИ- 58,40 фоиз (0,5-1,0 кг/га) ва бар зидди кирми гамма, трипсҳои зағирӣ, мевахўраки зағирӣ-карбофос 50 фоиз э. к. (0,4-0,8 л/га) истифода бурда мешаванд.
ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. Зағир дар давраи пурра пухтанаш, дар мўҳлати кўтоҳ ғундошта мешавад. Аломатҳои пухта расидани зағир инҳоянд: хокистарранг шудани ғўзачаҳо, ранги мўътадилии тухмӣ, озод ҳаракат кардан ва садо додани тухмӣ дар дохили ғўзачаҳо. Зағир ба воситаи комбайнҳои ғаллагии барои дарави зироатҳои майдадонтаҷҳизонидашудаи - СК-5, «Нива» даравида мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ