Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

2-3 рўз пеш аз кишт тухмиро барои безараркунӣ аз маҷмўи касалиҳо (антракноз, фузариоз, аскохитоз ва дигарҳо) ба воситаи ТМТД (2-3 кг+ 3-5 л об) ё фентиурами 80 фоиза (3 кг барои 1 т тухмӣ) заҳролуд мекунанд.
Баҳорон бо фароҳамрасии ҳарорати чуқурии зерихоккунии тухмӣ 5- 6°С будан, ба кишти зағир cap менамоянд. Мўҳлати кишти зағир ба мўҳлати кишти барвақтии баҳории зироатҳои ғаллагӣ рост меояд. Кишти барвақтии муносибе, ки аз намӣ нағз таъмин шудааст, киштзорро аз ҳашаротҳои зараррасон, махсусан аз канаи зағирӣ муҳофизат мекунад.
Дар водии Ҳисор 1 моҳ аз мўҳлати беҳтарини кишт дер мондан, ҳосилро 60% кам кардааст.
Дар ноҳияҳои водигӣ зағир охири тирамоҳ низ кошта мешавад ва ҳосилнокии он аз зағири баҳорӣ ҳеҷ камие надорад. Тухмӣ бояд чунон кошта шавад, ки дарҳол неш назанад ва ҳарорати хок набояд аз 2-3°С баланд бошад. Чунин ҳолат имконият медиҳад, ки тухмӣ танҳо баҳор майса занад.
Зағир ба воситаи тухмипошакҳои тамғаи СЗ-3,6, СЗТ-3,6 кошта мешавад. Дар киштҳои охири тирамоҳӣ зағир ба воситаи тухмипошакҳои чархдор кошта мешавад, зеро тухмӣ бояд дар қабати тунуки хок ҷойгир карда шавад. Зағир ба усули қатории муқаррарие, ки байни қаторҳояш
15 см аст дар чуқурии 3-4 см кошта мешавад. Дар қитъаҳое, ки алафи бегонаи зиёд доранд, зағирро бо усули васеъҷўяк (45 см) мекоранд.
Аз ҳисоби 7-8 млн. дони ба нешзанӣ қобил дар як гектар меъёри кишти тухмӣ ҳисоб карда мешавад, ки он ба 35- 40 кг/га баробар аст. Меъёри тухмӣ барои киштҳои охири тирамоҳӣ ва ноҳияҳои баландкўҳ то 45 кг/га зиёд карда мешавад. Дар минтақаҳои аз бориш миёнатаъмин баръакс, тухмӣ бо меъёри кам (то 20-25 кг/га) кошта мешавад. Дар баъзе мамлакатҳо (Дания, ИМА) дар шароити ба намӣ таъмин будан меъёри кишти тухмӣ то 80-90 кг/га аст. Меъёри кишти тухмӣ бо чунин назардошт муайян карда мешавад, ки вақти дарави ҳосил дар ҳар 1 м2 бояд 500-600 растанӣ бошад.

пешина
аз 314
навбатӣ