Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Зағирро бо усули дудаврагӣ ҳамон вақте медараванд, ки 70 фоизи ғўзачаҳояш хокистарранг шуда бошанд. Баъди 5-6 рўзи дарав пас аз хушк шудани ғарами даравидашуда онро ба воситаи комбайнҳо мекубанд.
Ғарамҳо аввал аз мошинаи ОВП-20 AT, баъд аз ОС-4,5А ё СМ-4 гузаронида мешаванд. Тухмиро тоза карда, намнокиашро то ба 12-13 фоиз расонида, баъд барои нигоҳдорӣ ва коркард мефиристанд.

Мавзўъ: К У Н Ҷ И Т (2 соат)
Аҳамият, хусусиятҳои биологӣ ва навъҳо. Усулҳои парвариши кунҷит.
Кунҷит ба зироатҳои пурқиммати равғандор мансуб аст. Тухми кунҷит 60-62 фоиз равғани аълосифат, 18-24 фоиз сафеда ва 16-20 фоиз ангиштоб дорад.
Равғани кунҷите, ки бо усули дар хунукӣ фишурдан (холодным прессованием) гирифта шудааст, аз рўи сифаташ ба равғани зайтун монандӣ дошта, аз равғани пахта, офтобпараст беҳтар аст. Вай ҳамчун озуқаворӣ ва ашёи хом дар саноати консервабарорию соҳаи тиб ва қаннодӣ барои тайёр кардани равғану маргарин ва доруворӣ истифода бурда мешавад.
Тухми кунҷит барои тайёр кардани қаннодиҳои шарқӣ (ҳалвои кунҷитӣ), хушхўр шудани нон ва дар намуди бирён истифода бурда мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ